АСОСҲОИ МАРКЕТИНГ

Эълондиҳанда бояд ба имконияти муроҷиати (муомилаи) хеш баҳо диҳад. Дараҷаи таъсири муроҷиат (муомила) на фақат вобаста ба он, ки чи гуфта шуд. Эълондиҳанда бояд муроҷиати реламавии худро ҳамин тавр диҳад, ки вай диққат ва гурўҳҳои максаднокро ба худ ҷалб намояд.
Акнун ба коркунони эҷодӣ, лозим аст, ки тарз (услуб), калима (сухан), оҳанг( муносибат) ва шакли таҷосуми ин муроҷиатҳоро (муомилаҳоро) ёбанд.
Аз рўи муносибати услубӣ ҳар як муроҷиат (муомила) бо тарзҳои гуногун иҷро карда мешавад.
- Тасвири табиӣ. Пешниҳод кардани як ё худ якчанд шахсоне, ки молро дар ҳолати одатшуда истифода мебаранд.
- Таъкид кардани тарзи зиндагӣ. Таъкидҳоро дар он мебинанд, ки мол ба тарзи зиндагии муайян дароварда мешавад.
- Ташкили ҳолати хаёлӣ. Дар атрофии мол ё худ истифодабарии ў як хел хиргоҳ (ореол) орзую ҳавас (фантазия) ташкил мекунад.
- Офаридани димоғи чоқ ё худ симо. Дар атрофии мол димоғи бедоршавӣ ё худ симо ташкил карда мешавад, гўем зиндагӣ, муҳаббат ё худ осудагӣ.
- Музикал. Нишон додани як ё якчанд шахс дар сурат кашидашуда, ки дар болои мол суруд мехонанд ( мисол, мушоҳидаҳои шакли «кола»).
- Истифодабарии рамзи шахсони алоҳида. Офаридани симое, ки дар ў мол таҷассум ёфтааст ( симо- мультфильм шуда метавонад).
- Ҷалб намудани диққат ба таҷрибаиҳои техникӣ ва касбӣ. Намоиш таҷрибаи техникӣ ва касбии фирма дар истеҳсолот моли мушаххас.
- Истифодабарии маълумотҳои хосиятҳои илмӣ дошта. Дар бораи афзалият ё худ самаранокии зиёди мол назар ба як ё якчанд тамғаи дигар далелҳои илмӣ оварда мешавад.
- Истифодабарии шаҳодатномаҳо ба фоидаи мол. Эълон (реклама) бояд сазовори боварии пурраи харидорон шуда тавонад.
Интихоби воситаҳои асосии паҳнкунии маълумотҳо
Мутахассиси воситаҳои эълон нишондиҳӣ (рекламаҳо) дар вақти истифодабарии онҳо бояд хуб донанд, ки кадом нишондиҳандаҳои фарогириро онҳо таъмин карда метавонанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё