АСОСҲОИ МАРКЕТИНГ

Дар давраи шашўм фирма бояд бо ёрӣ фирмаҳои махсусгардонидашуда маводҳои эълон (реклама) офарад.
Дар давраи ҳафтўм бояд вақти беҳтарини эълонро (реклама) муайян карда шавад.
Дар давраи ҳафтум кўшиши тарафҳое, ки ба эълон (реклама) дахлдоранд таҳлил карда мешавад.
Дар давраи нуҳўм муваффақият ва нобарорӣ бо пул муайян карда мешавад.
Принсипҳои тартибдиҳии эълон (реклама)
Қадами аввалини раванди кор карда баромадани барномаи эълонҳо (рекламаҳо) ин гузаштани вазифаҳои эълон аст. Аз рўи иҷрои функсия эълонҳоро (рекламаҳоро) ба се гурўҳи калон ҷудо менамоянд:
*эълони ахборотӣ асосан дар давраи ба бозор баровардани мол, ба хотири офаридани талаботи ибтидоӣ истифода мешавад; *эълони пандомезона- қиммати махсусро дар давраи афзоиш дар вақте, ки дар назди фирма вазифаи ташаккулдиҳии талаботи интихобӣ меистад падо карда метавонад.
*эълони (рекламаи) хотиррасонкунӣ дар давраи камолоти мол ниҳоят муҳим аст, чунки истеъмолкуннадаро маҷбур мекунад, ки молро ба ёд орад.
Методологияи умумии универсалии ташкил ва гузаронидани корҳои эълон (реклама) давраҳои зеринро дар бар мегирад:
Муайян намудани мақсад ва вазифаҳои корҳои эълонӣ Давраи
якум
(рекламавӣ), компанияи эълондиҳанда
Мукаррар намудани гурўҳи таъсири мақсаднок (яъне катего-Давраи
дуюм
рияи шахсоне, ки ба онҳо эълон равона карда мешавад)
Баҷоории интихоби воситаҳои эълонии таъсиркунанда, кор Давраи
сеюм
карда баромадани стратегия ва тактикаи корҳои эълонӣ (
рекламавӣ), банақшагирии чорабиниҳои эълонӣ
Давраи
Додани супориш, бастани созишнома бо ташкилотҳои рекла-чорум
мавии махсусгардонидашуда
Корҳои тайёрии якҷоя бо вакилони ташкилотҳои рекламавии Давраи
панҷум
махсусгардонидашуда. Назорат аз болои саривақт ва бо сифат иҷро кардани супоришҳо ва созишномаҳо
Давраи
Таҳлили самаранокии чорабиниҳои гузаронидашудаи
шашум
рекламавӣ, ислоҳ кардани стратегия ва тактикаи корҳои
эълонӣ (рекламавӣ) Барои пайдо кунонидани ғоя (идея), ки масъалаҳои дар назди эълон (реклама) гузошташударо ҳал намояд, коркунони эҷодӣ усулҳои гуногунро истифода мебаранд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё