Зеҳн
АСОСҲОИ МАРКЕТИНГ

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 91 саҳифа

Тиҷорат
Аз аввал хондан

Аз се имконияти шакли стратегӣ, содирот ба ссортименти моли фирма, таркиби вай, хароҷотҳои асосӣ ва барномаи фаъолият даровардани дигаргунии минималиро талаб мекунад.

Фирма метавонад моли худро бо ду усул содирот намояд. Метавонад хизмати миёнаравҳои маркетинги байналхалқиро мустақил истифода барад, ё худ амалиёти содиротиро худсарона гузаронад (маркетинги мустақим). Таҷрибаи содироти ғайримустақим бисёртар дар байни фирмаҳое, ки фаъолияти содиротии худро нав оғоз доданд паҳн гаштааст Якум, вай маблағгузаронии камеро талаб менамояд. Дар ин ҳолат барои фирма дар мамлакатҳои хориҷӣ дастгоҳҳои савдои хеш зарур нест. Дуюм, вай бо хавфи камтарин алоқадор аст. Миёнаравҳои маркетинги байналхалқӣ- ин савдогаронсодиротчиёни ватанӣ, агентҳои ватанӣ оид ба содирот, ё худ ташкилотҳои кооперативӣ.

Фаъолияти муштараки соҳибкорӣ

Яке аз самти умумии ба бозорҳои хориҷӣ баромадан муттаҳид намудани кўшишҳо бо корхонаҳои тиҷоратии мамлакат –шарик ба максади сохтани иқтидорҳои истеҳсолӣ ва маркетингӣ. Фаъолияти муштараки соҳибкорӣ аз содирот ва дар мамлакатҳои хориҷӣ сохтани ин ё он иқтидори истеҳсолот, яъне ташаккули шарикӣ фарқ мекунад. Аз маблағгузории мустақим бошад бо оне, ки дар мамлакати шарик иттиҳодия боя гон ташкилоти маҳаллӣ ташаккул меёбад фарқ мекунад. Чор шакли корхонаи муштарак мавчуд аст.

  1. Иҷозатномадиҳӣ. Ин яке аз роҳҳои оддитарини ба маркетинги байналхалқӣ ҷалб намудани истеҳсолкунанда. Соҳиби патент бо хавфи кам ба бозори хориҷӣ баромаданро ба даст медарорад, вале фирмаи дигар аз сифр оғоз намекунад, чунки вай фавран маҳорати истехсолӣ моли шўҳратманд ё худ номро мегирад.
  2. Пудрати истеҳсолӣ. Боз як тарзи фаъолият бо истехсолкунандагони маҳаллӣ барои истеҳсоли мол бастани созишнома мебошад.

Камбудии пудрати истеҳсолӣ аз тарафи фирма раванди истеҳсолот назорат камтар аст, ин ба талафи як қисми фоида оварда мерасонад.
3. Идоракунӣ аз рўи созишнома. Дар ин ҳолат фирма ба шарики хориҷӣ «ноухау»-ро дар соҳаи идоракунӣ медиҳад, вай ба миқдори зарурии маблағ таъмин менамояд.
Ҳамин тавр, фирма молро не, хизмати идоракуниро содирот менамояд.

Идоракунӣ аз рўи созишнома- ин усули ба бозорҳои хориҷӣ бо хавфи минималӣ баромада, аз саршавии фаъолият фоида гирифтан аст.

пешина
аз 91
навбатӣ