АСОСҲОИ МАРКЕТИНГ

- Корхонаи тасарруфи муштарак. Корхонаи тасарруфи муштарак- ин муттаҳидкунии кўшишҳои маблағгузорандагони хориҷӣ ва маҳаллӣ бо мақсади ташкил додани корхонаи тиҷоратии маҳаллие, ки якҷоя онҳоро соҳибӣ ва идора менамоянд.
Корхонаи тасарруфи муштарак аз нуқтаи назари иқтисодӣ ё худ сиёсӣ, зарурӣ ва дилхоҳ шуда метавонад.
Таҷрибаи тасарруфи якҷоя баъзе камбудиҳо дорад. Фикри шарикон ба ҳамдигар оид ба маблағгузорӣ, маркетинг ва дигар принсипҳои фаъолият тўғрӣ наомаданаш мумкин.
Маблағгузории мустақим
Яке аз формаи пурраи ҷалбкунии фаъолият ба бозорҳои хориҷӣ- ин ҷобаҷокунии маблағ, дар хориҷа барои ташкил кардани корхонаҳои истеҳсолот ё васлкунӣ мебошад.
Баробари пайдо шудани маҳорати корҳои содиротӣ, дар ҳолати ғунҷоиши бозори хориҷӣ, ба дараҷаи зарурӣ калон будан, корхонаи истеҳсолӣ аз онҳо манфиати лозимӣ гирифта метавонад.
*Якум: фирма аз ҳисоби арзон будани қувваи корӣ ва ашёи хом, имтиёзе, ки аз тарафи маблағгузорони хориҷӣ дода мешавад, кам кардани хароҷотҳои нақлиёт ва ғайраҳо
метавонад пурра сарфа кунад;
*Дуюм: дар натиҷаи ташкил намудани ҷои корӣ, фирма худашро дар мамлакати
шарик бо симои мусоид таъмин менамояд;
*Сеюм: фирма бо сохторҳои давлатӣ, мизоҷон, таъминкунандагон ва
дистрибиюторҳои мамлакати қабулкунанда муносибати ниҳоят муҳим муқаррар карда
мешавад, ин имконият медиҳад, ки молҳои худро бо муҳити маркетинги махаллӣ
мутобиқ намояд;
*Чорўм: фирма оид ба маблағгугзории хеш назорати пурраро нигоҳ медорад, аз инҷо вай метавонад мақсадҳои сиёсиро дар соҳаи истеҳсолот ва маркетинг, ки ба вазифаҳои дурударози хеш ҷавобгў кор карда барояд.
Мукаммалгардонии таркиби комплекси маркетингӣ
Фирмае, ки дар як ё якчанд бозори хориҷӣ баромад менамояд, бояд ҳал кунад, ки
то кадом андоза комплекси маркетингии худро ба шароити маҳаллӣ мутобиқ кардан зарур аст. Аз як тараф, фирмаҳое, ки дар ҳама ҷо комплекси маркетинги стандартизатсия кунонидашударо истифода мебаранд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё