Бист гуфтор аз маънавият

Камолиддин Садриддинзода Айнӣ. Ин «Бист гуфтор аз маънавият»-и тоҷикон аст, ки дар таърихи адаби порсӣ ҳамеша гўшрас ва ҳушрас буду ҳаст. Агар чи гоҳ-гоҳ кўшиши нодидаву ношунида карданҳо рух медод, фарзандони боҳамияте буданд, ки садо баланд мекарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 235 саҳифа
Муаллифи ретсензия дар аввали моддаи дувум муаллифи китобро айбдор мекунад, ки сохти иҷтимоии Ҳиндустони асрҳои XVII-XVIII-ро, маданият ва санъати он ҷоро нанавиштааст.
Дуруст аст, ки дар ситате, ки дар ретсензия аз саҳифаи 9 китоб гирифта шудааст, ин матлабҳо нестанд. Лекин, касе, ки китоби «Мирзо Абдулқодири Бедил»-ро бо диққат мутолиа мекунад, медонад, ки ҳамаи ин матлабҳо ба тарзи кўтоҳ ҳам бошад, дар ҷоҳои ба худ дахлдор зикр ёфтанд, аммо на ба он услубе, ки муаллифи ретсензия таклиф кардааст – ин муаллиф талаб мекунад (мазмунан), ки дар ҷои вазъияти ҷуғрофӣ сохти иҷтимоӣ, маданият ва санъат навишта шавад (азбаски дар вақти навиштани ин мулоҳизаҳо дастнависи китоб дар дастам набуд, мисолҳо нишон додан мумкин нашуд).
3) Дар моддаи 3 муаллифи китоб ба он айбдор карда мешавад, ки аз ҳаёти оммаи халқ ва аз муборизаи синфӣ материол кам дода шудааст.
Ин даъвои муаллифи ретсензия ҳам беасос аст. Беасос будани ин бо овардани як-ду мисол собит намешаванд. Чунки дар ҳамон вақт ҳам ретсензиянавис «ҳанўз кам аст» гуфта метавонад. Бинобарин дар ҷавоби ин эътироз гуфта мешавад, ки беасос будани ин даъворо ҳар касе, ки китоби «Мирзо Абдулқодири Бедил»-ро тамоман хонда барояд, тасдиқ мекунад. Худи муаллифи ретсензия ҳам бо ситатае, ки дар охири моддаи 4 овардааст, қисман беасос будани ин даъвои худро бешуурона тасдиқ кардааст.
Дар ин модда инчунин муаллифи китоб ба сабаби он, ки дар бораи дарборҳои подшоҳони муғул бисёр гап задааст, айбдор карда мешавад. Дар ин даъвао ба сифати далел воқеаи роҳсозии Ҷаҳонгир оварда шудааст.
Дуруст аст, ки дар китоб дар бораи дарборҳои подшоҳони Ҳиндустон бисёр материолҳо дода шудааст.
Аммо бештарини ин материолҳо фош кунонидани исрофкории онҳо, бовар кардани онҳо ба найрангбозиҳои ҷўгиҳо, аз вилоятҳои шарқии Ҳиндустон ҷўгиҳои бозигар ва найрангбозро оварда ҳазорҳо рупияи давлатро, ки аз хуни бадан ва арақи пешонаи меҳнаткашон ҷамъ шудааст сарф намудани онҳо ва монанди инҳост. Дар ин қатор роҳсозии Ҷаҳонгир ҳам нақл ёфтааст.
Аммо ин воқеа чунонки ретсензиянавис даъво мекунад, на бо оҳанги идеализатсия кардани Ҷаҳонгир, балки дар қатори бемазагиҳои ў мисли як ҳодисаи тарҷумаҳолиаш нақл ёфтааст. Бо ҳамаи ин ман дар хотир дорам, ки дар таҳрири охирин ин воқеа бароварда шуда буд, ё таҳрираш дигар карда шуда буд. Азбаски ҳоло нусха дар дастам нест, дар ин хусус ҳуҷҷат оварда наметавонам. Барои равшан кардани ин масъала нусхаи баъд аз набор таҳрир ёфтаро дидан лозим аст.
4) Дар моддаи чорум, дар китоб нақл ва таҳлил наёфтани шўришҳои халқӣ даъво карда мешаванд. Аммо он ситате, ки ретсензиянавис барои исботи ин даъвои худ аз китоби «Мирзо Абдулқодири Бедил» аз саҳифаи 17 овар дааст, на танҳо ин даъворо исбот намекунад, балки тўҳмати беинсофона, агар сабук карда гўем, тўҳмати бешуурона будани ин даъворо исбот мекунад.
Шўрише, ки бо шиддат ва вусъати худ бо вуҷуди бе байроқ будан, дар пойтахт роҳи подшоҳи бо дастаи камони мусаллаҳ ба кўча баромадаро банд ва то филҳои ҷангиро ба кор даровардану шўришчиёнро дар зери пои фил поймол кунонидани подшоҳ давом намояд – бузургтарин шўриши халқи пойбараҳнаи ғайри муташаккил ба шумор рафтанаш мумкин аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё