Зеҳн
Бист гуфтор аз маънавият

Камолиддин Садриддинзода Айнӣ. Ин «Бист гуфтор аз маънавият»-и тоҷикон аст, ки дар таърихи адаби порсӣ ҳамеша гўшрас ва ҳушрас буду ҳаст. Агар чи гоҳ-гоҳ кўшиши нодидаву ношунида карданҳо рух медод, фарзандони боҳамияте буданд, ки садо баланд мекарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 235 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Чунончи имрўзҳо русҳо ба он ҷои маълум «туалетнӣ» кор мефармоянд, на висандагони гузашта ва аз он ҷумла Бедил ҳам барои риояи одоб ин калимаҳоро кор фармудаанд. Муаллифи китоб бошад, ин калимаро айнан аз Бедил гирифтааст.
Дар қисми дувуми ин модда муаллифи ретсензия он воқеаро, ки дар он ҷо нақл ёфтааст, таърихан шубҳанок мешуморад. Дар ин бора ҳаминро хотиррасон кардан лозим аст, ки он эпизодро аз «Чор унсур» ном асари Бедил бо нишон додани саҳифа аз куллиёти чопи ў гирифта шудааст. Азбаски мақсад аз гирифтани он воқеа намунакорӣ набуда, балки воқеаро нақл кардан буд, ибораҳои Бедил содда карда гирифта шудааст. Агар Бедил он воқеаро сохта, бофта ба худ часпонда бошад, ба он кор худи Бедил ҷавобгар аст, на муаллифи китоби «Мирзо Абдулқодири Бедил». Дар қисми саввуми моддаи ҳафтуми ретсензия муаллифи он дар китоб равшан карда нашудани намояндаи кадом табақаи иҷтимоӣ будани Бедилро даъво мекунад ва ба ин даъвои худ ба сифати далел аз саҳифаи 55 китоб ба Шокирхон ва Шукруллохон, ки онҳо аз амалдорони калон бошанд ҳам, ҳамфикр ва шогирдонаш буданд, бештар хат навиштани Бедилро аз қавли муаллифи китоб нақл мекунад.
Дар ин ҷо аввал бояд ҳаминро гўям, ки ин далел ба даъво ҳеҷ алоқа надорад. Магар хат навиштани Бедил ба амалдоре, ки ҳамфикраш ва ҳам шогирдаш бошад, мавқеи иҷтимоии ўро номаълум мекунад.
Ва ҳол он ки Бедил ба ин гуна амалдорони дўст ва ҳамфикраш ҳатман мадҳия навиштанашро дар рубоии зерин қайд кардааст, ки он рубоӣ ҳам дар тарҷумаи ҳоли Бедил, ҳам дар намунаи эҷодиёташ дар ҳамин китоб нақл ёфтааст.
Он рубоие, ки муаллифи ретсензия ба вай диққат надодааст ё диққат карданро лозим надонистааст, ин аст:

Бедил, моро ҳарзадароӣ шон нест,
Мадҳи миру ситоиши султон нест.
З-ин даст каломе, ки зи мо мешунавӣ,
Ғайр аз исори хидмати ёрон нест.

(Бедил дар ду мисраи охирини ин рубоӣ ҳаминро мегўяд, ки «агар ба ягон амалдор мадҳия навиштани маро шунавӣ, бояд донӣ, ки ман онро ба сифати тўҳфа ба ёрони худ (яъне ба ҳамфикрони худ) фиристодаам».
Дувум он ки дар ҳама ҷои китоб дар ҳар маврид тарафдори халқ будани Бедил, ба зулм, ба подшоҳони золим, ба уламои расмӣ ҳатто ба ширинии маддоҳ муқобил будани ў ба асоси гуфтаҳои худаш на якбор, дубор, балки борҳо қайд ёфтааст.
Азбаски дастнависам дар дастам нест, баъзеи ин шеърҳоеро, ки барои муайян кардани мавқеи иҷтимоӣ ва идеяи Бедил дар ҷойҳои мунтахаби китоб оварда шудаанд, дар ин ҷо ёдоварӣ мекунам:

Золим пўшид либоси хунбофтаро,
То зер кунад хасми забунёфтаро.

пешина
аз 235
навбатӣ