Зеҳн
Бист гуфтор аз маънавият

Камолиддин Садриддинзода Айнӣ. Ин «Бист гуфтор аз маънавият»-и тоҷикон аст, ки дар таърихи адаби порсӣ ҳамеша гўшрас ва ҳушрас буду ҳаст. Агар чи гоҳ-гоҳ кўшиши нодидаву ношунида карданҳо рух медод, фарзандони боҳамияте буданд, ки садо баланд мекарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 235 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ретсензиянавис дар ҳамон модда «кӣ будан ва чӣ мақсад доштани маҷзубон равшан карда нашудааст» мегўяд.
Дар бораи маҷзубҳо ва мақсади онҳо, фарқи маҷзубҳои Осиёи Миёна ва Эрон то маҷзубҳои Ҳиндустон ва инчунин дар байни маҷзубон баъдан одамони фозил ёфт шуда мондан ва монанди инҳо дар китоб ба тафсил гап зада шудааст. Аммо агар муаллифи ретсензия ба онҳо диққат накарда бошад, ё диққат карданро барои ретсензияи худ лозим надошта бошад, муаллифи китоб ба ин ҷавобгар намешавад.
Инчунин дар ҳамин моддаи панҷуми ретсензия он воқеае, ки дар китоб ба асоси гуфтаҳои Бедил бо нишон додани саҳифаҳои «Чор унсур» нақл ёфтааст ва дар он воқеа Бедил (назари якуми худаш) бо як «Бихоб» гуфтани шоҳи Кобул мехобад ва дар мавриди дигар боз бо як «Бихоб»-и маҷзуби мазкур Бедил мехобад ва аз дарди чашм халос шуда аз хоб бедор мешавад – ҳамаи ин чизҳо аз гуфтаи Бедил нақл ёфтаанд. Муаллифи ретсензия чунон шарҳ додааст, ки гўё муаллифи китоби «Мирзо Абдулқодири Бедил» каромат будани он чизҳоро бовар карда, ба хонанда тақдим кардааст.
Ва ҳол он ки дар охири ҳамин эпизод бо мазмуни зерин аз тарафи муаллифи китоб чизе навишта шуда буд: «Бедил дар ҳамин марҳалаи ҳаёти худ он чизҳоро каромат медонист. Аммо одамони замони мо медонанд, ки он чизҳо ғайр аз гипнотизм чизи дигаре нест. Инчунин ҳамаи ин чизҳо ва корҳое, ки дар назари аввал «каромат» барин менамояд, баъд аз ба камол расидан «хаёлоти беасос» шумурдани худи Бедил ҳам дар китоб зикр ёфтааст.
Аммо ретсензиянавис ба онҳо диққат накардааст, ё диққат карданро лозим надонистааст.
6) Дар моддаи шашуми ретсензия муаллифи китоб ба ҳамин айбдор карда шудааст, ки «дар китоб аз асари Бедил, ки бо архаизм навишта шудааст бе ҳеҷ содда кардани ибора оварда шудааст». Охир магар, ягон тадқиқкунанда ҳақ дорад, ки намунаҳои асари тадқиқшавандаро ба як сў гузошта ба ҷои вай ибораҳои содда кардаи худро нависад?!.. Агар илм ба ин гуна кор рухсат медод, дар дунё ягон асари олимон ва шоирони гузашта саломат намемонд, зеро ҳар кас фаҳмида-нафаҳмида (аммо ба ақидаи худаш фаҳмида) ҳар чизро содда карда аз забони он олиму шоири гузашта наиштан мегирифт.
Агар мақсади муаллифи ретсензия аз «содда кардани ибора» ҳалли луғатҳо ва шарҳи баъзе ҷумлаҳо бо гузаштани тексти Бедил дар ҷояш бошад
– ин кор ба амал оварда шудааст:
Луғатҳо дар ҳошия ҳал карда шудаанд, аммо шарҳи ҷумлаҳои душворфаҳми Бедил, барои саргардон накардани хонанда, дар ҳошия дода нашуда, дар паҳлўи ҳамон ҷумлаи шарҳ карда шуданӣ дар байни ускупка дода шудааст.
Агар ретсензиянавис ба ин диққат накарда бошад ё диққат карданро лозим надониста бошад муаллифи китоб ба ин ҷавобгар намешавад.
7) Айбҳое, ки дар моддаи ҳафтуми ретсензия баён ёфта ба гардани муаллифи китоб бор карда шудаанд, ба се қисм тақсим ёфтаанд: дар қисми якум муаллифи ретсензия дар китоб навиштани калимаи «истиоз»-ро аз одоби таҳрир берун шумурда, ин калимаро аз тарафи худ бо калимаи «халоҷо» шарҳ додааст. Дар ин хусус бояд ҳамин ба ретсензиянавис фаҳмонем, ки маънои «истиоз», «халаҷо» набуда, балки ба маънои «талаб»-и покӣ ва тозагӣ аст.

пешина
аз 235
навбатӣ