Зеҳн
Бист гуфтор аз маънавият

Камолиддин Садриддинзода Айнӣ. Ин «Бист гуфтор аз маънавият»-и тоҷикон аст, ки дар таърихи адаби порсӣ ҳамеша гўшрас ва ҳушрас буду ҳаст. Агар чи гоҳ-гоҳ кўшиши нодидаву ношунида карданҳо рух медод, фарзандони боҳамияте буданд, ки садо баланд мекарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 235 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Кам-кам масъала дар дасти тадқиқотчиёни «неформални» афтод ва аз он ҷумла рафиқ Брагинский унвони «тоҷик-форс»-ро таклиф кард. Зеро ман исбот карда будам, ки забони адабии форсии ҷадид дар Осиёи Миёна ташаккул ёфта ва ба воя расида, баъд аз он ба Эрон паҳн шудааст. Бинобар ин Брагинский гуфт: «Модом ҳақиқати таърихӣ ҳамин аст, мо дар термин калимаи «тоҷикро» дар аввал гузошта, баъд аз он номи «форс»-ро менависем».
Вақте ки дар даҳрўзаи санъати тоҷик (1941) дар Маскав дар маҷлиси қабул рафиқ Сталин дар сухани худ дар қатори гузаштагони тоҷик Фирдавсиро ном бурд, Бертелс ин воқиаро шунида гуфт: «Хуб, майлаш Фирдавсӣ аз они тоҷикон бошад, аммо Саъдиро ба эрониён бояд дод» (чунон ки дар боло гуфтам, дарҳол ман дар бораи Саъдӣ навишта аз забони худи ў тоҷик будани ўро исбот кардам).
Вақте ки имсол масъалаи мероси адабии миллатҳо ба майдон омада шарқшиносони консервотур шатта хўрданд, масъалаи терминро дигар кардан ба майдон омад, ки ман дар ин кор хеле хурсандам.
Аз хатти ту маълум мешавад, ки ҳанўз шарқшиносон бар болои шоирони гузаштаи мо ҷанҷол доранд. Ман дар ин бора фикри худро дар ин мактуб менависам, лозим шавад, ту инро ба шарқшиносон маълум мекунӣ:
Мо дар ин масъала аз ду нуқта назар мекунем: 1 нуқтаи таърихӣ, 2 – ҳақиқати забонӣ. Таърих, чунон ки ҳеҷ кадом шарқшинос инкор намекунад, ин аст:
Вақте ки арабҳо Эронро истило карданд, ҳамаи осори миллии онҳоро нест намуданд ва аз ин ҷумла забони онҳоро, ки забони паҳлавӣ буд, аз ҳуқуқи гражданӣ маҳрум намуда ҳамаи асарҳои дар он забон навишта шударо сўзонданд ва мактабҳоро ба забони арабӣ гардонданд ва онҳое, ки дини исломро қабул намуда буданд, кам-кам дар хонаашон ҳам ба забони арабӣ гап мезадагӣ шуданд ва забони паҳлавӣ дар миёни он касоне монд, ки дини исломро қабул накарда буданд ва то имрўз худи эрониён ҳам онҳоро «габр»
меноманд ва то ҳол онҳо забони паҳлавиро медонанд…
Аммо мовароуннаҳриҳо дар масъалаи забон сахт истоданд, бухороиҳо баъд аз қабул кардани ислом ҳам ҳатто дар намоз бо забони арабӣ Қуръон хонданро қабул накарданд. Бо вуҷуди ба шариат мухолиф будан сардори араб
– Қутайба ибни Муслим маҷбур шуд, ки сураҳои Қуръонро барои намоз ба маҳаллиҳо ба забони маҳаллӣ тарҷума карда диҳад (Ба Наршахӣ нигоҳ карда шавад).
Аз асрҳои дувуми ҳиҷрӣ сар карда дар Хуросон ва Мовароуннаҳр дар муқобили арабҳо исёнҳо бархест, ки дар он исёнҳо Абўмуслим, Муқаннаъ, Гурдаки (паҳлавонаки) Гиҷдувонӣ, Рофеъ ибни Лайси Самарқандӣ сардорӣ мекарданд. («Исёни Муқаннаъ»-ро хон). Дар миёнаи ин исёнҳо забони адабии тоҷик, ки дар терминҳои илмӣ «форсии ҷадид» меномиданд, дар асоси забони суғдӣ, ки дар Бухоро, Самарқанд, Фарғона ва кўҳистони Фалғару Мастчоҳ зинда буд ва луғатҳои Хоразм, ки дар он ҷо забони гуфтугў буд ва забони дарӣ, ки дар Хуросони Шарқӣ (марказаш Балх), дар Чағониён (дар Тирмиз ва Ҳисор, дар Хатлон ва дигар кўҳистони тоҷикнишин) зинда буд, ба вуҷуд омад ва онҳое, ки исломро қабул карда буданд, ин забони навро бо алифбои араб навиштан гирифтанд ва ба воситаи зиёиҳои мусулмоншуда ба ин забон баъзе луғатҳои арабӣ ҳам даромадан гирифт.

пешина
аз 235
навбатӣ