Бист гуфтор аз маънавият

Камолиддин Садриддинзода Айнӣ. Ин «Бист гуфтор аз маънавият»-и тоҷикон аст, ки дар таърихи адаби порсӣ ҳамеша гўшрас ва ҳушрас буду ҳаст. Агар чи гоҳ-гоҳ кўшиши нодидаву ношунида карданҳо рух медод, фарзандони боҳамияте буданд, ки садо баланд мекарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 235 саҳифа
Вақте ки дар натиҷаи исёнҳо, арабҳо маҷбур шуданд, ки «Мовароуннаҳр, Фарғона ва Хуросонро ба маҳаллиҳо супоранд, дар ин тарафи дарёи Ому Сомониён қувват гирифта ба осори миллӣ ва аз ин ҷумла ба забони миллӣ аҳамият доданд ва забони «форсии ҷадид», ки шакли умумият гирифта буд, забони расмии ин давлат шуд ва шоирони калон монанди Рўдакӣ ва Дақиқӣ аввал дар Мовароуннаҳр расида ин забонро ба осмон бароварданд, баъд аз он ин забон дар Хуросон қувват гирифта фирдавсиҳо ба майдон омаданд.
Кам-кам ин забон ба ҳама ҷои Эрон паҳн шуда, забони адабӣ ва забони расмӣ шудан гирифт, ки дар Эрони марказӣ, ғарбӣ ва ҷанубӣ ҳам шоирон расидан гирифтанд. Ин аст таърих.
Забони тоҷикон будани забони форсии ҷадидро ин ҳам исбот мекунад, ки шоирони Эрон ва Озарбойҷон баъзе луғатҳои забони адабиро аз тоҷикон пурсида меомўхтанд. Чунон ки Носири Хусрав дар «Сафарнома»-и худ нақл мекунад, вақте ки ў дар Озарбойҷон ворид шуд, бо шоири машҳури он ҷо – Қатрон, ки муқаллиди Рўдакӣ аст, ҳамсўҳбат гардид. Дар он мусоҳиба Қатрон бисёр луғатҳои забони адабиро аз Носири Хусрав пурсида навишта гирифт.
Чунин луғатҳои забони «форсии ҷадид» он вақтҳо ҳанўз дар забони зинда дар забони оммаи Эрон ҷойгир нашуда буд.
Соҳиби забони адабии «форсии ҷадид» будани тоҷиконро олими шарқшиноси имрўзаи Эрон – Саид Нафисӣ ҳам иқрор кардааст. Саид Нафисӣ дар бораи Рўдакӣ ду ҷилд китоб навиштааст ва дар як ҷои он китоби худ мазмунан ин тавр мегўяд: «Мо эрониён дар сояи исёни Абўмуслим, Муқаннаъ ва дигарҳо, дар сояи ташкил ёфтани давлати Сомониён ва дар сояи шоирони он замонии Мовароуннаҳр ба сафти як миллат соҳиби забон шуда дар рўи дунё зинда мондем. Агар он исёнҳо ва он ташаббуси мовароуннаҳриҳо намебуд, имрўз Эрон ҳам мисли Миср як мамлакати арабшуда, мо эрониён ҳам монанди мисриён араб мегардидем» (мазмун нақл шуд).
Дар вақти истилои арабҳо мисриён қибтӣ буданд, ки маданияти чандин ҳазорсола доштанд, аммо арабҳо ҳамаи китобҳо ва осори миллии онҳоро нест карда, забон ва маданияти худро ҷорӣ карданд, ки қибтиён беному нишон шуда рафта авлоди онҳо араб гардида монданд. Имрўз аз осори қибтиён танҳо аҳромҳо мондаанд, ки аз ҷиҳати мустаҳкамиашон арабҳо онҳоро вайрон карда натавониста буданд.
Акнун аз нуқтаи назари забон нигоҳ кунем: ҳамаи асарҳои Ҳофиз ва Саъдиро ҳамаи тоҷикон мефаҳманд (бесаводҳо ҳам) ва луғатҳое, ки онҳо кор фармудаанд, дар забони зиндаи тоҷик ҳанўз дар гуфтугў мебошанд (баъзе луғатҳо ва шеърҳои арабии «Гулистон»-и Саъдӣ аз ин мустасно аст.
Шарқшиноси венгерӣ Герман Вамбери дар китоби худ «Таърихи Бухоро ва Мовароуннаҳр» мегўяд, ки сарфу наҳви забони Фирдавсӣ то имрўз дар байни тоҷикон зинда аст. Бо вуҷуди ин ки тоҷикон чандин аср боз бо қавми туркҳо махлут шуда омадаанд, забони Фирдавсиро нигоҳ доштаанд (чунки забони Фирдавсӣ асосан забони тоҷикон аст –искубка аз ман. Айнӣ). Аммо эрониён забони Фирдавсиро вайрон кардаанд (мақсади Герман Вамбери оммаи эрониён аст, на зиёиён). Ана мо ҳамин ду асосро ба назар гирифта мероси адабии худро муайян мекунем: шоирони гузаштаи Осиёи Миёна ва Хуросон бе шакку шубҳа аз они моанд: Саъдӣ, Ҳофиз ва Бедил барин касонро низ мо аз они худ мешуморем, чунки забони онҳоро (Саъдиву Ҳофизро) оммаи тоҷикон мефаҳманд. Услуби Бедил ҳарчанд душвор аст, аммо луғатҳое, ки ў кор фармудааст, ҳамагӣ имрўз дар байни тоҷикон зиндааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё