Зеҳн
Бист гуфтор аз маънавият

Камолиддин Садриддинзода Айнӣ. Ин «Бист гуфтор аз маънавият»-и тоҷикон аст, ки дар таърихи адаби порсӣ ҳамеша гўшрас ва ҳушрас буду ҳаст. Агар чи гоҳ-гоҳ кўшиши нодидаву ношунида карданҳо рух медод, фарзандони боҳамияте буданд, ки садо баланд мекарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 235 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Бинобар ин Бедил ҳам аз они мо аст.
Масъалаи Низомии Ганҷавӣ тамоман дигар аст. Модом ки ба ў унвони «шоири Озарбойҷон» расман дода шудааст, мо ҳам ўро шоири Озарбойҷон мегўем. Аммо мо фахр мекунем: тоҷикон асарҳои Низомиро бе тарҷума мефаҳманд.
Аммо масъалаи Камоли Хўҷандӣ ва Лоҳутӣ хандаовар аст. Як вақт рафиқ Болдируф Камоли Хуҷандиро «шоири Олтин Ўрда» гуфта навишта баромада буд. Таклифи ҳозирааш ҳам аз ҳамон таклиф кам фарқ мекунад. Дар ҷавонӣ аз Мовароуннаҳр рафтани Камоли Хуҷандӣ хатост. Ман ин маъниро ба рафиқ Ғафуров ҳам навишта будам. Камол таҳсили аввалии худро дар Хуҷанд, баъд аз он таҳсили олии худро дар Самарқанд гирифта ва як қисми осори адабии худро дар ҳамин ду шаҳр эҷод кардааст. Масалан, дар охири як ғазали худ мегўяд:

Гўиям ҳар дам, ки берун шав зи шаҳри мо, Камол,
Ин самарқандигариҳо бо хуҷандӣ то ба кай?

Дар Хуҷанд гузаре буд, ки вайро «Гузари Шайх Камол» меномиданд (ҳоло ҷои он гузар гостиниса шудааст).
Камоли Хуҷандӣ дар калонсолиаш – баъд аз такмили дарс ва шоири комил шудани худ ба нияти сафари ҳаҷ аз ин ҷо ҳиҷрат кардааст (албатта, як ҷавони хурдсол ба сари худ ба ҳаҷ намерафт) ва дар бозгашти сафари ҳаҷ обу ҳавои Табрезро писандида, дар он ҷо мондааст ва як бор Тўғтамишхон ўро асир карда ба Олтин Ўрда – Сарой бурдааст. Ва баъд аз чанд сол дар он ҷо мондан Камол аз асирӣ халос шуда ба Табрез баргаштааст. Акнун куҷои ин одамро ба Озарбойҷон ё Эрон ва ё ин ки ба Олтин Ўрда мебандем?
Лоҳутӣ чунон ки ту гуфтаӣ, зиндаанд ва аз худи эшон пурсидан даркор аст. Охир на Камол ва на Лоҳутӣ асир ва ғуломи ҳеҷ кас нестанд, ки мо инҳоро бо якдигарашон мубодила кунем. Ман ҳайрон ҳастам, ки аз забони олимони калон чи гуна ин тавр суханони бемантиқи хандаовар мебарояд.
Ҳоло ҳамин қадар бас аст. Ба ҳама салом расон. Имзо (С.Айнӣ) Ман аз китоби Брагинский якеро ба номи ту ва дигареро ба номи Холида навишта будам. Дар бастани бандерол Лутфия саҳв карда чаппа бастааст…
Бо саломи падарона. Имзо (С.Айнӣ) 19.03.49.
Илова: Дар асоси забони паҳлавӣ пайдо шудани забони форсии ҷадид, чунонки Турсунзода дар мақолаи худ гуфтааст, нодуруст аст. Ҳақиқати таърихӣ он аст, ки ман дар боло навиштам. Бинобар ин дар шеърҳои Рўдакӣ ва Дақиқӣ калимаҳои паҳлавӣ ҳеҷ нест, ё ин ки кам дар кам аст. Азбаски Фирдавсӣ «Шоҳнома»-ро дар асоси афсонаҳои халқ ба вуҷуд овардааст ва як қисми он афсонаҳо дар забони паҳлавӣ буданд – дар «Шоҳнома» луғатҳои паҳлавӣ нисбатан зиёд аст.
Иловаи дувум: вақте ки дар аснои навиштани ин мактуб барои ёфтани ғазали дар Самарқанд навиштаи Камол «Девон»-и ўро варақ мезадам, як ғазалаш ба чашмам вохўрд, ки бисёр писандидам ва ду байти он ғазалро дар бадеҳа мухаммас кардам, ки ин аст:
Айнӣ:

пешина
аз 235
навбатӣ