Бист гуфтор аз маънавият

Камолиддин Садриддинзода Айнӣ. Ин «Бист гуфтор аз маънавият»-и тоҷикон аст, ки дар таърихи адаби порсӣ ҳамеша гўшрас ва ҳушрас буду ҳаст. Агар чи гоҳ-гоҳ кўшиши нодидаву ношунида карданҳо рух медод, фарзандони боҳамияте буданд, ки садо баланд мекарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 235 саҳифа
Ба ин муносибат бояд гуфт, ки ин ҷузваҳо он замон аз ҷониби Фарҳангистони Эрон ба марокизи фарҳангии кишварҳои порсизабон ба бахшҳои эроншиносии Донишгоҳҳои ҷаҳон ва шахсиятҳои варзидаи риштаи фиқҳ-уллуғоти эронӣ ирсол мегардид ва ба посухи «Пешниҳоди шумо чист?» ҷавоб ҳам мегирифт. Гумон меравад, ки ин тариқи коргузорӣ барои рушди равобити фарҳангӣ ва ҳамгуна намудани вожаҳо ва истилоҳот холӣ аз фоида набуд. Ва ҳоло ки дар Эрон се фарҳангистон – Фарҳангистони забон ва адаби форсӣ (бо раёсати ҷаноби оқои доктор Ғуломалӣ Ҳаддоди Одил), Фарҳангистони улум (бо раёсати ҷаноби оқои доктор Алии Шариатмадорӣ) ва Фарҳангистони улуми пизишкӣ (бо раёсати ҷаноби оқои доктор Эраҷи Фозил) бо сарпарастии куллии раиси ҳайати уламои фарҳангистонҳои ҶИЭ ҷаноби оқои доктор Ҳасани Ҳабибӣ фаъолият доранд, ҳамон хушамал ва суннати неки зикррафтаро дар пояи нави замонавӣ идома ва рушд медиҳанд.
Қисмати шашуми «Муқаддимаи Луғатномаи Деҳхудо» – «Дастури забони форсӣ» нигоштаи устоди мумтоз Ҷалолиддин Ҳумоӣ аст. Ин ҷо баррасии вижаи ҷолиб омадааст бо унвони «Забони форсӣ наҳву сарфи комил дорад ва мўҳтоҷ ба таълиф ва тадвин аст». Баррасии устод Ҷалолиддин Ҳумоӣ як нигоҳи муфассали дақиқи донишмандонаи муҳаққиқ бар гузаштаи илми сарфу наҳви форсӣ, руҷўи комил бар нукоти он, таҳаввули таърихии он ва ниҳоят
19 нақле аз таълифоти ин устод дар ин боб аст. Ин мавзўъ баъдан дар китоби доктор Маҳинбону Сонеъ низ муфассал баррасӣ шудааст.
Қисмати ниҳоят пурарзиши «Муқаддима» мақолаи ҳафтум «Имлои форсӣ» баррасии устоди донишгоҳ марҳум Аҳмади Баҳманёр аст. Медонем, ки матлаби имлои форсӣ масъалаи мураккаб ва сарпечидае аст. Зеро дар тўли таърих дар ин ришта дар ҳеҷ замон ва дар ҳеҷ макон ҳамоҳангии куллӣ вуҷуд надоштааст. Мешавад гуфт, ки дар гузашти таърих дар шаҳрҳо ва ҳавзаҳои асосии фарҳангии порсизабонони ҷаҳон дар имлои забони порсӣ суннатҳои минтақавӣ бештар дар амал будааст. Ва таваҷҷўҳи ҷиддӣ бар ин матлаб низ аз замони бунёди Фарҳангистони Эрон оғоз ёфтааст. Марҳалаи болоӣ баррасии имлои забони порсӣ мешавад гуфт, ки дар силсила интишороти Бунёди фарҳанги Эрон бо сарварии устод Парвиз Нотили Хонларӣ ва дар интишороти Бунгоҳи тарҷума ва нашри китоб дар «Маҷмўаи мутуни форсӣ» зери назари донишманди бузургвор устод Эҳсон Ёршотир риоят шуда буд. Вале қавоиди имло, ки он гоҳ риоят мешуд, низ нисбатан шартӣ буд ва мақсуди якнавохт сохтани нашри мутуни форсӣ пазируфта шуда буд.
Мақолаи Аҳмади Баҳманёр баррасии ҷиддии нукоти имлои порсӣ аст ва дар ин ҷо таҳқиқи масалан, ҳамза дар вожаҳои форсӣ, дар оғози калимот, ҳамза дар каламоти арабии мустаъмал дар форсӣ, дол ва золи форсӣ ва ғайра то таркиби ду калимаи бо ҳам ва бисёр нуктаҳои баҳсноки имло омадааст.
Бахши дувуми «Муқаддимаи Луғатномаи Деҳхудо» – «Фарҳангҳо» (с. 133- 281), «Фарҳангҳои форсӣ» аз Саид Нафисӣ, «Муаррифии баъзе фарҳангҳои муҳим» аз Саид Нафисӣ, Абдуалии Тоат, Содиқи Киё, Алиасғари Ҳикмат, Саидмуҳаммадалии Донюл, Ислом, Муҳаммад Муин, устод Саид Ҷаъфари Шаҳидӣ, Султоналии Султонӣ. Мавзўи «Фарҳангҳои арабӣ ба форсӣ» аз ҷониби Алинақии Мунзавӣ баррасӣ шудааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё