Бист гуфтор аз маънавият

Камолиддин Садриддинзода Айнӣ. Ин «Бист гуфтор аз маънавият»-и тоҷикон аст, ки дар таърихи адаби порсӣ ҳамеша гўшрас ва ҳушрас буду ҳаст. Агар чи гоҳ-гоҳ кўшиши нодидаву ношунида карданҳо рух медод, фарзандони боҳамияте буданд, ки садо баланд мекарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 235 саҳифа
Китобшиносии фарҳангҳои форсӣ-аврупоӣ, ки нуфузи забони форсиро дар забонҳо ва кишварҳои ғарбӣ намоиш медиҳад, аз ҷониби китобшинос ва
21 нусхашиноси маъруф устод Эраҷи Афшор тадвин ва таҳқиқ шудааст.
Бахши саввуми «Муқаддима» ба шахсияти бузурги Алиакбари Деҳхудо махсус аст, нигоштаи Муҳаммад Муин ва Сайидҳасан Тақизода. Ва ниҳоят бахши чаҳоруми «Муқаддимаи Луғатнома» дар чигунагии ин волоасар ва созмони он аз Муҳаммад Муин, Алиакбари Деҳхудо. Бахши панҷум такмилаи муқаддима – мавзўи саргузашти Луғатнома, ёддоштҳои парокандаи Деҳхудо барои «Муқаддимаи Луғатнома», номаҳои шахсиятҳои волои фарҳангӣ дар боби Луғатнома ва матолиби мухталифи дигарро дарбар дорад. Дар поёни ин нигоҳи куллие, ки бар «Муқаддимаи Луғатномаи Деҳхудо» анҷом дода шуд, боз ҳам ба гунаи кулли таъкид намудан шоиста аст, ки «Муқаддима»
як баррасии дақиқи дастаҷамъии адибони муҳаққиқи воломақом аст. Гуфтаҳо ва навиштаҳои ин шихсиятҳои ҳар кадом дар риштаи хеш донои замон ва мардони мусаллами фарҳанги эроншиносии ҷаҳон, ниҳоят дақиқ ва қобили қабул ва ҳатто мешавад гуфт, ки аксаран эроднопазиранд. Ин бузургкитоб бо унвони «Муқаддимаи Луғатномаи Деҳхудо» бе шакку шубҳа дар сатҳи як доират-ул-маориф аст дар фиқҳ-ул-луғоти эроншиносии ҷаҳон ва мешавад тасдиқ кард, ки ҳамчунин асаре ба забони форсӣ то ба ҳол дар ҳеҷ замоне ва ҳеҷ маконе, ба ҷуз Эрон, ба вуҷуд наёмадааст.
Ёдовар шудан ҷоиз аст, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар зарфи солиён, ҳамчунин дар марокизи эроншиносии Санкт-Петербург, Маскав ва бархе аз марокизи ховаршиносии кишварҳои муштарак-ул-манофеъ низ илми луғатшиносӣ ривоҷ ёфта, мардони донои ин ришта фаъолият доштаанд ва доранд. Осори онҳо аз ҷониби ҳавзаҳои эроншиносии ҷаҳон хуш пазируфта шуда, қисман ба забонҳои аврупоӣ тарҷума ва интишор ёфта ва дар мақолаи шахси донои ин ришта устод Эраҷи Афшор асосан омадааст. Ва агар ин маводди муҳимми марбут бо фиқҳ-ул-луғоти Эрону тоҷикшиносӣ бар навиш таҳои бузургони фарҳанги эронӣ, ки шаммаи таълифоти онҳо дар «Муқаддима» овардааст, ба сурати як китоби дигар ҷамъ шавад, арзиши волокитоби «Муқаддима» боз ҳам мушаххастар ва баррасии фиқҳ-ул-луғоти форсӣ амиқтар ва густардатар хоҳад гардид.
Хулоса, китоби вазини «Муқаддимаи Луғатномаи Алиакбари Деҳхудо», алломаи зиндаёд, худ як таҳқиқи воло дар фарҳанги бузурги форс-тоҷик, як баррасии муҳим дар таҳаввули луғот ва истилоҳоти порсии дарӣ аст.
Ҳамчунин он дар таърихи Фаҳангистони забон ва адаби форсии Эрон сухани илмии баланд маҳсуб буда, бузургкитобест лозим ва судманд нафақат барои ҳар пажўҳишгари илми забону адаб. Ин волонигориши гурўҳи барҷастаи донишмандони дар кори хеш мусаллам чӣ аз гузаштагон ва чӣ аз муосирини барҳаёт, пояи нав, марҳалаи тозае аст дар илми адаби форсизабонони ҷаҳон.
Гузашта аз ин, «Муқаддима» роҳнамои фавқулоддае барои мост бо тамоми ҳастӣ ва пуррагии маънои ин вожа ва мешавад гуфт, ки вай худ бо вазъи шоиставу волои хеш ҳамон тавр ки ишора шуд, як доират-ул-маорифи илми адаби мо ва таърихи душвор, вале пурифтихори он ба шумор меравад.
«Муқаддимаи Луғатнома» китоби асил, китоби таърихи забони асил, порсии асил, китоби мунҳасир аст, чӣ аз назари ҳаҷм ва мақоми илмиаш ва чӣ аз ҷиҳати устодони воломақом, ки дар кори ба вуҷуд овардани он саҳми боризе доранд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё