Бист гуфтор аз маънавият

Камолиддин Садриддинзода Айнӣ. Ин «Бист гуфтор аз маънавият»-и тоҷикон аст, ки дар таърихи адаби порсӣ ҳамеша гўшрас ва ҳушрас буду ҳаст. Агар чи гоҳ-гоҳ кўшиши нодидаву ношунида карданҳо рух медод, фарзандони боҳамияте буданд, ки садо баланд мекарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 235 саҳифа
Оқибат пурсишҳо ва муроҷиаи ашхоси солманди Бухоро, маро бо ду нафар аз масъулони бойгониҳои вижаи Бухоро ва Маскав мувоҷеҳ кард, ки ҳарду тарбиятёфтагони устод Айнӣ буданд. Муаммои печидаи сарнавишти асари номбурдаи Айнӣ бо кўмаки қонунии яке аз онҳо ҳал ва кушуда шуд.
Сухани нек ва пайгириҳои пай дар пай моро ба ҳадафи муқаддас ва неки худ роҳнамоӣ кард. Саранҷом бо инояти Худованд орзуи сиюпанҷсолаи устод Айнӣ пас аз ҳафтод сол зиндонӣ шудан нусхаи аслии форсии «Таърихи Инқилоби фикрӣ дар Бухоро» ба хатти муаллиф, ба шарофати замони озодӣ ва раҳоии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз банд, раҳоӣ ёфта, ҷомаи озодӣ пўшид.
Инак, мо ин нусхаро дар ихтиёр дорем ва онро борҳо мутолиа карда, ба ҳадафи асосии хеш расидаем ва он китоби нодир (нусха)-и мунҳасир бо хатти муаллифро «Китоби зиндонӣ» номгузорӣ кардем. Аз шахсиятҳо ва марокизи фарҳангии илмие, ки кўмаки амалии хешро аз мо дареғ надошта ва ба мо миннатҳо гузоштаанд, сипосгузорӣ мекунем.
Понависҳо:
- Ин нусха ба хатти муаллиф, вале ба тариқи таҳрифшуда, акнун дар Пажўҳишгоҳи Абўрайҳони Берунии Тошканд маҳфуз аст.
- «Ёддоштҳо»-и Садриддин Айнӣ дар чаҳор ҷилд ба пайвасти «Мухтасари тарҷумаи ҳоли худам» дар 1362 шамсӣ баробари 1982 милодӣ дар Теҳрон, дар интишороти Огоҳ ба кўшиши Саиди Сирҷонӣ ба чоп расидааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё