Зеҳн
Бист гуфтор аз маънавият

Камолиддин Садриддинзода Айнӣ. Ин «Бист гуфтор аз маънавият»-и тоҷикон аст, ки дар таърихи адаби порсӣ ҳамеша гўшрас ва ҳушрас буду ҳаст. Агар чи гоҳ-гоҳ кўшиши нодидаву ношунида карданҳо рух медод, фарзандони боҳамияте буданд, ки садо баланд мекарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 235 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Салимшо Ҳалимшо

тЎшаи роҳ
барои дўсти донишмандам устод
Камолиддин Садриддинзода Айнӣ

Арўси субҳ чу бар Арш хест хандакунон,
Ба рўи ў бизадаш бўса гунбади гардон.
Фариштаҳои саодат зи Нўҳ бурҷи фалак,
Шуданд бо шаби пурахтараш зи чашм ниҳон,
Кушуд қуфли дари манзилам фариштаи субҳ,
Чу дасти боди муроде ба боғ, бар деҳқон.
Арўси субҳ сафар мекунад зи хонаи ман,
Ба ҳафт қитъаи олам зи рўи Боми ҷаҳон.
Варо зи хонаи ман қарнҳост тўшаи роҳ,
Кирафт қиссаи он дар ҷаҳон забон ба забон.
Расид субҳсифат бар дарам хирдаманде,
Ҳазор роз ба дил, меҳри Ҳақ ба чашм аён.
Бигуфт: омадаам бо ниёз ман ба дарат,
Ки ҷуз ту нест, кунад мушкилоти ман осон.
Бубахш тўшаи роҳам ба ҳафт иқлиме,
Бубахш тўшаи роҳам зи хона то кайҳон,
Ки гар ба баҳр ниҳам пой ғарқи он нашавам,
Чу бод раҳсипарам рўи мавҷи баҳри дамон.
Зи файзи тушаи роҳи ту чун сафинаи Нўҳ
Расам ба Барнавади Ванҷ аз дили тўфон.
Зи файзи тўшаи роҳат ба Каҳкашон бирасам,
Ки то аз он бирасам сўи бекарона замон
Зи бекарона замон то ҳақиқате ёбам,
Ки то наҷот диҳам аз дурўғ, аз даврон.
Ба шеъри миллати мо рақс нуриён карданд,
Кунун дар он набувад ҷуз дурўғу оҳу фиғон,
Каломи ин замона хурад обу шўр аз мурдоб,
Ба ин калом зи ҳақҷў равад шукўҳу тавон.
Бубахш тўшаи роҳам зи хони сидқу сафо,
Зи чашми каҷназарон то ба ҳақ шавам пинҳон.
Дар оташе, ки кунун об мешавад пўлод,
Дар оташе, ки дар он кўҳ мешавад талқон.
Дар оташе, ки аз он баҳр пора дуд шавад.
Дар оташе, ки аз он меравад зи даҳр нишон,
Гузар ба тўшаи роҳи ту ато аз он бикунам,

пешина
аз 235
навбатӣ