Бист гуфтор аз маънавият

Камолиддин Садриддинзода Айнӣ. Ин «Бист гуфтор аз маънавият»-и тоҷикон аст, ки дар таърихи адаби порсӣ ҳамеша гўшрас ва ҳушрас буду ҳаст. Агар чи гоҳ-гоҳ кўшиши нодидаву ношунида карданҳо рух медод, фарзандони боҳамияте буданд, ки садо баланд мекарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 235 саҳифа
Фарзандони миллате монанди тоҷик аз намуна ва осори тамаддун, санъат ва илми онон аз чандин ҳазор сол пеш ҳатто дар дили кўҳҳо нақш шуда, миллате монанди тоҷик, ки беҳтарин намунаи ситорашиносӣ, зиҷбандӣ, риёзидонӣ, тиб, лашкаркашӣ, адолат ва ахлоқи байналмилалӣ будаанд, имрўз набояд бесавод бошанд, залил ва асири ҷаҳл бошанд. Рост аст, ки то чанд сол пеш аз ин ба воситаи ҳукумати истибдодии амирон, ки ба ҷуз манфиат ва роҳати худ ҳеҷ фикре надоштанд, заҳматкашони тоҷик наметавонистанд ва намедонистанд, ки бояд илмнок шаванд. Амирон ва мулкдорон бо ёрии муллоён миллатро кўр нигоҳ дошта буданд, миллати доно, миллати босавод, халқи илмнок ба кори онон намеомад. Онон намехостанд миллат бидонад, ки ҳукумат ҳаққи заҳматкашон аст ва тамоми осоиш ва неъмати дунёро дасти меҳнаткаши мардикорон ва деҳқонони камбағал тайёр мекунад. Бойҳо, амирон ва амалдорони онон танҳо ва танҳо фарзандони худро мехононданд ва илми асир кардани камбағалонро ба онон меомўхтанд. Аммо акнун досу кўбак тоҷи бешарафи подшоҳон ва амирони золимро бар сарашон кўбида аз тахт ба тахтаи тобут сарнагунашон кард, деҳқонон ва мардикорон ҳукуматро ба дасти худ гирифтанд.
Ҷўшиши хуни миллионҳо коргарони Иттифоқи ҷумҳуриятҳои шўравӣ, ки аз Инқилоби 1905 то Инқилоби 1917 барои озод кардани ранҷбарон ҷон додаанд, маҳви бесаводиро аз миёни ҳар миллат талаб мекунанд.
Чашмони дурахшони Владимир Илич Ленин бо диққати тамом ба озодии ҳар миллате нигоҳ мекунад ва мехоҳад бубинад, ки ҷонишинони ў васиятҳои вайро, ки муқаррар мегуфт: «Ҳар миллатро бояд ба забони модари худаш бихононанд» ба ҷо меоваранд, ба он амал мекунанд ё на!»
Вой бар он миллате, ки бихоҳад бар зидди васиятҳои Ленин миллати дигареро асир ва мустамликаи худ кунад ва ё бо усули давраи ҷаҳонгирӣ ва зулми подшоҳӣ ва амирӣ забони худро ба зўр ба даҳони миллати зердаст бичаспонад!
Миллати босаодати тоҷик ба орзуҳои худ расид: баробари ривоҷи иқтисодиёт, сиёсат, маданият ва сохтмони Ҷумҳурии Тоҷикистон вай на танҳо соҳиби маданияти нав гардид, балки маданияти бои гузаштаи худро аз нав зинда кард ва бо ҳамроҳии дигар халқҳои бародар ва мардуми мутараққии ҷаҳон санаҳои таърихии гузаштаи худро борҳо ҷашн гирифт. Ҳама дар ёд дорем, ки ҷашни 1100-солагии устод Рўдакӣ чӣ гуна ба маъракаи бузургдошти назми ҷаҳонӣ мубаддал шуда буд.
Оре, номи Рўдакӣ ва ҷашни «Рўзи Рўдакӣ» ҳамеша ва ҳамвора боқӣ ва ҷовид хоҳад монд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё