Зеҳн
Бист гуфтор аз маънавият

Камолиддин Садриддинзода Айнӣ. Ин «Бист гуфтор аз маънавият»-и тоҷикон аст, ки дар таърихи адаби порсӣ ҳамеша гўшрас ва ҳушрас буду ҳаст. Агар чи гоҳ-гоҳ кўшиши нодидаву ношунида карданҳо рух медод, фарзандони боҳамияте буданд, ки садо баланд мекарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 235 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Чеҳраи рЎдакӣ
Солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ падарам бештар дар мавзўи ватанпарастӣ асар эҷод мекард. Гоҳо ў ба таърихи қаҳрамонии мардуми тоҷик назаре меан дохт. Вай қиссаи рўзгори бузургони муборизи гузаштаро бо забони рўз ва барои имрўзи мамлакат – барои бедории рўҳи қаҳрамонӣ ва ҳисси ва танпарастии ҷанговарони тоҷик дар китобҳояш нақл мекард, корномаи мар дони далерро ба лавҳаи тасвири бадеӣ меовард, ки ба мақсади асосии мардум – бар фашистони одамхор ғолиб омадан хидмат карда тавонад.
Аммо дар чунин солҳои даҳшатноки Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳам, падарам нақшаҳои асосии эҷодиашро ҳеҷ гоҳ дар канор намегузошт. Ў дақиқае бекор наменишаст. Дар рўзнома ва маҷаллаҳои тоҷикӣ ва ўзбекии ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Ўзбекистон асарҳои нав ба нави вай пай дар пай чоп мешуданд.
Аз таълифоти калони ин солҳо, ба ғайр аз повест ва очеркҳои таърихии ҷанговаронаи устод Айнӣ, таҳқиқоти адабии осори суханварони гузаштаи халқҳои тоҷику ўзбекро ном бурдан мумкин аст.
Яке аз он мавзўъҳои асосӣ ҳамоно ҷўстуҷў ва баррасӣ дар бораи султони шоирон Абўабдулло Рўдакӣ буд. Маълум аст, ки Айнӣ таҳқиқи осори Рўдакӣ ва омўхтани ҷараёни зиндагии ин суханвари бузургро аз солҳои бист шурўъ карда, охир қабри шоири уфариро пайдо кардааст. Он вақт воситаи Вазорати корҳои хориҷии СССР ба ў муроҷиат шуда буд, ки ҷамъбасти таҳқиқот ва ҷустуҷўҳои бисёрсолаи худро дар як мақола гирд оварад, то ки дар матбуоти Эрон ба табъ расонида шавад. Устод Айнӣ ин хоҳишро ба ҷо овард ва мақолаашро бо унвони «Ҷои таваллуд, вафот ва турбати устод Рўдакӣ» ба воситаи шахсони масъул ба Эрон фиристод. Ин мақола пас аз 32 сол дар «Садои Шарқ», соли 1975, № 4 бо кўшиши нигорандаи ин сутур чоп шудааст. Нависанда дар ин мақола аз рўи устухони сару рўи Рўдакӣ барқарор намудани чеҳраи ўро орзу мекард. Зеро илми замон акнун ба дараҷае расида буд, ки антропологи маъруфи рус М.М.Герасимов аз рўи устухони сару рўи гузаштагон бо методҳои махсус пайкараи якчанд нафари онҳо аз ҷумла Амир Темур, Шоҳрух, Улуғбекро сохта буд.
Усули илмии М.Герасимов санҷида ва аз тарафи муассисаҳои махсуси давлатӣ писандида шуда буд. Ин падарамро ором намегузошт. Вай дар ҳамон мақолаи «Ҷои таваллуд, вафот ва турбати устод Рўдакӣ» вобаста ба он, ки М.Герасимов сурати чандин гузаштагонро аз нав сохта буд, чунин навиштааст:
«Дар омади сухан ҳамин ҳам гуфтан даркор аст, ки агар устухони сару рўи Рўдакӣ солим ба даст дарояд, бо вай симои аслии ин устоди бузургро ҳам муайян кардан мумкин мешавад».
Дар мавзўи кофтуков ва ҷустуҷўи маълумоти нав ва тоза роҷеъ ба устод Рўдакӣ падарам ҳамеша мукотиба дошт, бо дўстонаш ҳам аз аҳли адаб ва илм, ҳам бо шиносонаш ҳамеша дар ин бора сўҳбат ва гуфтугў мекард.
Яке аз орзуҳои вай ҳамоно кофта дидани қабри устод Рўдакӣ ва пас аз ҳазор сол ба мардум намоиш додани акси чеҳраи он бузургвор фарзанди халқ буд.

пешина
аз 235
навбатӣ