Бист гуфтор аз маънавият

Камолиддин Садриддинзода Айнӣ. Ин «Бист гуфтор аз маънавият»-и тоҷикон аст, ки дар таърихи адаби порсӣ ҳамеша гўшрас ва ҳушрас буду ҳаст. Агар чи гоҳ-гоҳ кўшиши нодидаву ношунида карданҳо рух медод, фарзандони боҳамияте буданд, ки садо баланд мекарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 235 саҳифа
«Худам имрўзҳо ба кори луғат машғулам. Ман бо Тоҷгиз соли 35-м як муоҳида баста будам, ки як луғати тоҷикии нимтафсилӣ тартиб диҳам.
Медонед, ки дар дасти тоҷикони Осиёи Миёа ду-се луғат ҳаст, машҳуртарини онҳо «Ғиёс» ва «Бурҳони қотеъ» аст. Аммо ҷавонон, ҳатто арабидонҳои онҳо ҳам, аз ин луғатҳо фоида бурдан наметавонанд, зеро тартиб бисёр кўҳна ва луғатҳо бо чизҳое, ки ҳаргиз даркор намешаванд, пуранд. Бинобар ин, барои кофта ёфтани як луғати матлуб варақҳоро гардондан ва саҳифаҳоро хондан лозим меояд. Аммо ҷавононе, ки дар замони охир саводнок шудаанду арабиро намедонанд, аз он луғатҳо ҳеҷ фоида бурдан наметавонанд. Бинобар ин хостам, ки ба асоси ҳамон луғатҳои кўҳна як луғати тоҷикӣ ба тоҷикӣ бо усули замонӣ тартиб диҳам. Корро ба ин тартиб пеш гирифтам: аз луғатҳои кўҳна ҳар чизеро, ки мурда буд ва ба забони мо даркор намешавад, партофтам, чизҳои даркориро гирифтам. Чизҳои даркорӣ ҳам ду қисманд. Як қисми онҳо барои таҳрир ва мутолиаи адабиёти имрўза ба кор мераванд ва қисми дигарашон барои мутолиа ва фоида бурдан аз адабиёти классикӣ даркор мешаванд. Медонед, ки ба ин сабаб хеле луғатҳои арабӣ ва форсии қадим, ки дар адабиёти классикӣ ҳастанд, гирифта мешаванд ва манбаи дигари ман халқ аст. Ҳар кадом бобро бо забони халқ, ки то ҳол дар ягон луғат дида нашудааст, аммо дар миёнаи мардум зинда ва дар гуфту шунид аст, пур мекунам. Дар тафсили луғатҳои кўҳна ҳам маънии кўҳнаашро, ки дар адабиёти классикӣ ва дар забони имрўза нест, партофтам ва он маъниҳояшро, ки имрўз зиндааст, гирифта истодаам.
Агар ба тамом кардани ин кор комёб шавам, гумон мекунам, ки барои ҷавонон ва забони адабии имрўзаи тоҷик хазинаи калон ба вуҷуд меояд.
Табиист, ки таҷриба ва кори аввалӣ бо хеле нуқсонҳо омехта мешавад. Бо вуҷуди ин як асосе, ки дар оянда такмил ва ислоҳ кардани он осон аст, гузошта мешавад».
Луғати номбурда он замон ба табъ нарасид. Бо мурури замон бахше аз фишҳо (картотека) аз байн рафт ва баъди солиён, пас аз фавти муаллиф (1954), бо кўшиши камина ва яке аз ҳамкоронам (Ҳофизи Рауф) дар асоси навишта ва мусаввадаҳои устод Садриддин Айнӣ то андозае мураттаб ва такмил шуд, дубора танзим гардид ва соли 1976, яъне пас аз 38 соли таълифаш, ба унвони китоби 12-уми Куллиёти марҳум интишор дода шуд.
Ғайр аз ин тафсилот он аст, ки ҳанўз тақрибан 60 сол қабл муаллиф аҳамият ва лузуми рушди забони илмии форсии тоҷикиро таъкид карда, барномаи куллии онро эълон дошта буд. Соли 1938 ў навишта буд:
«Имрўз мо барои васеъ кардани забони илмӣ ва адабии тоҷик ва барои фаҳмида хондани оммаи босаводшудаи тоҷик ва ҷавонони таҳсилдида ва таҳсилдидаистодаи ў ба китобҳои луғати гуногун мўҳтоҷем: имрўз мо бояд дар ҳар фан луғатҳои алоҳидаи илмӣ ва барои таъмин кардани талаби ҷавонони бодонишшудаистодаи тоҷик қомусҳо дошта бошем. Инчунин, мо бояд китобҳои луғвтӣ дошта бошем, ки ба воситаи онҳо ҷавонон аз адабиёти классикӣ фоида баранд ва низ китобҳое дошта бошем, ки ба воситаи онҳо ҷавонон ба хазинаи забони зиндаи тоҷик роҳ ёбанд ва инчунин ин китобҳои луғат бояд забони зиндаи халқро пеши коркунони илмӣ ва адабии тоҷик мисли як материал тайёр карда монад…»

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё