Зеҳн
Бист гуфтор аз маънавият

Камолиддин Садриддинзода Айнӣ. Ин «Бист гуфтор аз маънавият»-и тоҷикон аст, ки дар таърихи адаби порсӣ ҳамеша гўшрас ва ҳушрас буду ҳаст. Агар чи гоҳ-гоҳ кўшиши нодидаву ношунида карданҳо рух медод, фарзандони боҳамияте буданд, ки садо баланд мекарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 235 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

(С.Айнӣ. Куллиёт, ҷ.12, 1976, с.14).
Боз мегўем, афсўс, ки Луғатномаи домулло С.Айнӣ, сарфи назар аз аҳамияти илмии бузург доштанаш ва арзишҳои амалии он барои мардуми тоҷик, сари вақт дар хидмати хонанда гузошта нашуд. Вале бо далелҳои қотеъ метавон гуфт, ки як нусхаи он луғат дар Сталинобод дар базаи Академия ва нусхаи дигараш дар Ленинград дар Институти шарқшиносӣ аз соли 1938 ба баъд дар ихтиёри луғатшиносон буда, барои танзим ва тадвини луғату луғатчаҳои гуногун истифода шудааст. Ва зиёда аз ин маводи луғавии чопшудаи домулло С.Айнӣ аз тарафи баъзе касон ба бахшҳо ва луғатчаҳо дохил гардидааст, вале мутаассифона бе ягон истинод ба фиш (картотека) ва муаллифи заҳматкаши он.
Яъне як қисми фишҳо аз Луғати С.Айнӣ истихроҷ шуда, ба луғатҳои дигарон дохил шудааст, ки ба ин иддао мусаввадаҳои шахсии домулло С.Айнӣ шаҳодат медиҳанд. Ин матлабро бо руҷўъ ба Луғати домулло С.Айнӣ ва мусаввадаҳои эшон ва луғатҳо ва фарҳангҳои баъдина ба осонӣ метавон равшан кард.
Масъалаи мазкур тадқиқоти махсусеро нигарон ва тақозо дорад.
Ба ҳамин ҷиҳат мешавад таъкид кард, ки барои сохтани ҳама гуна луғатҳои тоҷикӣ Луғатномаи С.Айнӣ аз соли 1938 то авохир хидмати шоистаеро анҷом додааст.
Сабаби сари вақт чоп нашудани Луғати домулло С.Айниро донишманди бузурги фарҳангу адаби мо устод Евгений Эдуардович Бертелс дар номаи хеш ба домулло С.Айнӣ зимни бузургдошти он Луғатнома ва муаллифи он ба тарзи ошкоро ифшо кардааст. Сабаби ягона – талабот ва дастурҳои собиқ Иттифоқи Шўравӣ. Устод Е.Э.Бертелс дар номаи хеш аз 23.04.1939, ки худ бо хатти форсӣ нигоштааст, чунин сатрҳоро овардааст (С.Айнӣ. Куллиёт, ҷ.12, с.1012):

Устоди донишманди муаззам!
Дар ин рўзҳо рафиқ Зингер дар шўъбаи Ленинградии Нашриёти тоҷик шоҳкории нави шуморо ба ман нишон додааст, яъне «Луғати забони адабии тоҷик»-ро. Баъзе қисматҳои онро хонда баромадам ва гуфта метавонам, ки ғайр аз Шумо, ҳеҷ каси дигар аз ўҳдаи чунин коре наметавонист барояд. Ин китоб як ганҷинаест аз ҷавоҳири гаронбаҳо, моломоли як атрест, ки ҳазорон мардум метавонанд солҳои дароз аз он истифода кунанд. Ман, ки чанд сол аст кор мекунам, то як луғатчаи тоҷикӣ ба русӣ тартиб кунам, хуб метавонам ташхис кунам, чӣ қадар маълумот ва чӣ ранҷ боист бурда шавад, то чунин асаре ба анҷом расад.
Бо он ҳама, баъд аз хонда баромадани он баъзе шубҳаҳо пайдо шуд ва мехоҳам Шуморо аз он иттилоъ бидиҳам. Рафиқ Зингер гуфта буд, ки ман бояд ин китобро таҳрир (редаксия) кунам. Ба назарам ин таҳрир аз тарафи ман ғайр аз рафъ кардани ғалатҳои чопӣ ҳеҷ чизе дигар нахоҳад буд, чунки маълумоти ман дар соҳаи забони тоҷикӣ назар ба маълумоти Шумо маълумоти як бачаи ҳафтсола барин мебошад назар ба маълумоти Ҳаким Абўалӣ Сино.
Он чӣ Шумо навиштаед, ман бояд фақат тасдиқаш кунам, ки дар ин ҷо албатта ҳеҷ ҷои эътироз нест.

пешина
аз 235
навбатӣ