Бист гуфтор аз маънавият

Камолиддин Садриддинзода Айнӣ. Ин «Бист гуфтор аз маънавият»-и тоҷикон аст, ки дар таърихи адаби порсӣ ҳамеша гўшрас ва ҳушрас буду ҳаст. Агар чи гоҳ-гоҳ кўшиши нодидаву ношунида карданҳо рух медод, фарзандони боҳамияте буданд, ки садо баланд мекарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 235 саҳифа
Вале мехостам бигўям, ки ин шубҳаҳо иборат аз чист:
дар луғати Шумо бо он ҳама сарват, ки дорои он аст, калимаҳои советӣ ва интернасионалӣ ҳеҷ ёфта намешавад. Агар ман шояд сабабашро нафаҳмам, вале метарсам, ки агар ин китоб дар ҳамон ҳоли ҳозирааш аз чоп барояд, баъзе тадқиқотчиёни мўшикоф як ҳойҳуе хоҳанд баровард, ки он сараш нопайдо хоҳад буд. Хоҳанд гуфт, ки Шумо мухолифи дохил кардани чунин калимаҳо дар забони адабии тоҷик ҳастед ва дигар ҳамин хел музахрафот. Агарчи Шумо, албатта, метавонед ба чунин танқид чунон як ҷавоби қатъӣ бидиҳед, вале ба назарам аз ин қисм гуфтугўҳо ҳеҷ касро хушаш намеояд. Аз ин сабаб ман фикр кардам, ки бояд роҳе пайдо карда шавад, то барои чунин эътирозот дигар роҳ дода нашавад.
Шояд мумкин мебуд як луғати иҷтимоӣ-сиёсӣ гирифта аз он китоб луғати Шумо такмил карда шавад? Метавонем барои як мутахассис супориш кунем, ки муҳимтарин терминҳои русӣ ва як луғатчаи сиёсии русӣ интихоб кунад бо шарҳи он терминҳо ба забони русӣ. Баъд аз он ин ҳама луғатҳоро бо шарҳи он як мутарҷими забардаст аз қабили Улуғзода ба забони тоҷикӣ тарҷума кунад. Ин калимаҳо барои Шумо фиристода хоҳад шуд ва агар Шумо ба дохил кардани он ба китоби Шумо ризоят диҳед, он вақт ба китоб илова карда шавад.
Тасаввур мекунем, ки дар ин сурат ҳеҷ касе ёрои он нахоҳад дошт, ки чизе бар хилофи ин китоб бигўяд. Ин назари ман аст, ки хеле майл дорам ақидаи Шуморо дар бораи он бидонем. Бояд такрор кунам, ки худи ман, албатта, ба ҳеҷ ваҷҳ чунин ҷасорате надорам, ки барои Шумо устоди донишманди мўҳтарам, як пешниҳоде ва ё чизе мисли он кунам. Ман фақат хоҳиш мекунам, ки ин асари пурбаҳо зудтар чоп шавад ва ҳеҷ касе натавонад монеи чопаш шавад.
Хеле маъзарат мехоҳам, ки бо ин коғази дуру дарози ба чунин забони хароб навишта, вақти гаронмояи Шуморо зоеъ мекунам, вале масъалаи чопи ин китоб ба назарам як масъалаи хеле муҳим мебошад, чунки ин китоб, албатта, яке аз муҳимтарин васоили пешрафти адабиёти тоҷик хоҳад шуд.
Ман натавонистам худдорӣ кунам ва мехостам раъйи Шуморо дар ин бора бидонам.
Бо саломи самимона ва хоҳишҳои офият ва саломатӣ дўсти мухлиси Шумо Е.Бертелс (23.IV.39)»
Пас аз гирифтани номаи саршор аз эҳсос ва ҳаяҷони устод Е.Э.Бертелс домулло С.Айнӣ ба луғати хеш тағйироти сиёсӣ дохил накардааст. Зеро ҳадафи эшон ҷамъоварии вожаҳо ва истилоҳоти интернатсионалӣ ва овардани онҳо ба ҷои суханони асили форсии тоҷикӣ ва ба ивази калимаҳои бегонаи дар зарфи ҳазор сол ба забони мо ҳазм шуда, набуд.Балки ҳадафи домулло С.Айнӣ тадвини як луғатномае буд, ки он васлгари пояи забони классикон бо забони зиндаи имрўзаи халқи хеш шуда тавонад. Дар ин маънӣ домулло С.Айнӣ чунин изҳори ақида карданд:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё