Зеҳн
Зинда будан кам аст

Инсони дарёдил, адиби хушқалам Аҳмадшоҳ Маҳмадшоҳро ҳаводорони каломи бадеъ хуб мешиносанду нек дар ёд доранд. Ў бо навиштаҳои ҳаҷвии худ миёни хонандагон шуҳратёр гардида буд.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 231 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ин воқиа ҳамон бегоҳ, аснои бозгашт аз кор, бо ў рўй медиҳад.
Дар автобус кадоме вақтро мепурсад.
– Панҷ, – мегўяд ҳайрат, ба соат нигариста.
– Не– е, ҳоло панҷ нашудагист. Шубҳаи вайро дида, Ҳайрат дасти росташро мебардорад.
– Чаро бовар намекунед? Анна, расо панҷ.
Диққати ҳозирон ба Ҳайрат, ки дар ҳар ду даст соат дошт, ҷалб мешавад. Зане аз чӣ бошад, ахмирў карда, донистан мехоҳад: барои чӣ ў дар ду даст соат бастааст.
Ваҷоҳати пуртакаллуф ва нигоҳи бағоят ҷиддии зан ба ҳайрат хуш намеоянд.
– Барои он, ки яктааш вайрон шавад, бо дигараш вақтро аниқ мекунам (мебинам).
Ҷавоби соддалавҳонаи Ҳайрат занро ба писханд водор месозад.
– Хайр, инаш ҳам вайрон шавад– чӣ?– ба соати дасти рости ў ишора менамояд вай.
– Инашро мебинам, – аз кисаи чапи пиҷак соати дигаре мебарорад Ҳайрат.
Ҳозирон механданд. Ба рўи сафеди зан сурхӣ медавад.
– Фарз кардем, инаш ҳам вайрон шуд?
– Ба инаш нигоҳ мекунам, – соати чорумро аз кисаи рости пиҷак мебарорад Ҳайрат.
Аз хурўҷи изтироб ғаб– ғаби зинадори зан ба ҷунбиш меояд.
– Хайр, фарз кардем, инаш ҳам вайрон шуд?
– Боке не, – мегўяд ҳайрат ва намоишкорона аз кисаи чапи шим боз як соат мебарорад. – Инашро мебинам.
Ҳозирон хушҳолона ба якдигар менигаранд.
– Хайр, инаш ҳам кор накунад– чӣ?– ин дафъа бо оҳанги ситеза мепурсад зан.
Ҳайрат табассуми узромезе дар лаб паси сар мехорад.
– Агар инаш ҳам кор накунад, ночор вақтро аз шумо мепурсам, – мегўяд. Сипас ба лабханди қаноатмандонаю нигоҳи ғолибонаи зан эътибор надода, аз ҷайби рости шим соати шашумро мебарорад.

пешина
аз 231
навбатӣ