Зеҳн
Зинда будан кам аст

Инсони дарёдил, адиби хушқалам Аҳмадшоҳ Маҳмадшоҳро ҳаводорони каломи бадеъ хуб мешиносанду нек дар ёд доранд. Ў бо навиштаҳои ҳаҷвии худ миёни хонандагон шуҳратёр гардида буд.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 231 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Дар пеши бемор А. номи Сталинро ба забон гиред, аз чӣ бошад, бо қаҳр кала меҷунбонд: «Ман Каганович нестам!»


Вақте ҳамшира С. дору мегузаронд, бемор Б. доим мегуфт: «Хафа нашавед, лекин каждум, ба назарам, нешзаниро аз шумо омўхтагӣ…»


Бемор В. ҳамеша аснои хурўҷи дарди дил аз занаш хоҳиш мекард, ки… баъди вафоти ў ҳар ҳафта бегоҳи ҷумъа ба сари гўраш биёяд.


Бемор Г. Мегуфт, ки дар палатаи чоркасаи онҳо боз чор касро ҷойгир кардан мумкин, лекин хавфи алиментсупорӣ ҳаст– дия…


Бемор Н. боре аз палата баромада, бошитоб тарафи мабраз рафт. Вале ҳанўз ба он ҷо нарасида, якбора бозистоду оҳи бадард кашид. Гуфтанд: «Чӣ шуд?» Гуфт: «боз аз боло хиёнат карданду поин расво шуд!. . »


Бемор Б. дар мабраз буд. Ба ў гуфтанд, ки зудтар баро, модарарўсат ба аёдат омадааст. Ў гуфт: дилаш дард мекунад ва агар модарарўси Брежнев омада бошад ҳам, ба ин зудӣ аз мабраз нахоҳад баромад.


«Даҳони бало дар куҷояш мешавад?» – донистан хост бемор И. Ҳампалатаи вай Р. ба ҳамшираи баднафсу ҳарис, ки аз тумбочкаҳои беморон насиба мегирифт, назаре афканда, бо кароҳат гуфт: «Дар болои пояш!. . »

пешина
аз 231
навбатӣ