Зеҳн
Зинда будан кам аст

Инсони дарёдил, адиби хушқалам Аҳмадшоҳ Маҳмадшоҳро ҳаводорони каломи бадеъ хуб мешиносанду нек дар ёд доранд. Ў бо навиштаҳои ҳаҷвии худ миёни хонандагон шуҳратёр гардида буд.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 231 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

ҚАЙДҲОИ ДУХТУР

Бемор Х. аз забон монд. Чор нафар ҳаммол омада, хостанд ба мурдахона барандаш. Вақте ба адёл мепечонданд,
Х. сахт гўзид ва ҳаммолон аз тарс ба чор тараф гурехтанд…

Бемор Н. хуррок мекашид. Бедор карда ба як китф хобонданд, акнун ў фиғон мекашид.

Аз бемор Н. пурсидем, ки чанд вақт сигарета накашидаӣ? Гуфт: – 000060 дақиқа!

Асрори ҷисми одам номакшуф аст. Дили ҷавони ҳабдаҳсоларо дида, ҳайрон мешавӣ: барои чӣ ин ҷавон дар ин синну сол фавтидааст? Охир, бо чунин дил камаш ҳафтод сол зиндагӣ кардан мумкин буд!. .
Ба дили пирамарди ҳафтодсола нигоҳ карда, боз гиребони тааҷҷуб медорӣ, ки соҳиби он чӣ тавр ин қадар умр дидааст, бо чунин дил бояд ў ба ҳабдаҳ надаромада мемурд…


Бемор П. фавтид. Панҷ дақиқаи қабл аз он, ки ҷонаш барояд, вай ҳолати аҷибе дошт, – башавқ дунбаи ғайриоддии пизишкро мемолид ва чашмонаш чун тукмаҳои нави мисӣ барқ мезаданд.


Тани бемор С. як нуқтаи ҳайратовар дошт. Ба таки шонаи рости вай ангушт расонед, меларзид ва беихтиёр «Зинда бод КПСС!» мегуфт.

пешина
аз 231
навбатӣ