Зинда будан кам аст

Инсони дарёдил, адиби хушқалам Аҳмадшоҳ Маҳмадшоҳро ҳаводорони каломи бадеъ хуб мешиносанду нек дар ёд доранд. Ў бо навиштаҳои ҳаҷвии худ миёни хонандагон шуҳратёр гардида буд.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 231 саҳифа
– Ин воқиа порсол рўй дод. Як шаби баҳор. Аснои хондани ҳикояи шумо «Барф ҳам мегузарад…»
– Барф? – гуфт беихтиёр Саттор.
– Ҳа, – аз бинӣ дуд сар дод ҷавон. – Беҳад маъқул шуд. Ин хел ҳикояҳо…
– Ташаккур, – хандид Саттор. – Вале шумо воқиаеро нақл карданӣ будед?
Ҷавон табассум кард.
– Воқиа ҳамин, ки вақти хондани ҳикоя замин ҷунбид. Аниқтараш, замин ҷунбидаасту ман нафаҳмидаам.
Саттор Турсун ҳайрон шуд.
– Аҷиб– ку. Хайр, барои чӣ нафаҳамидед?
Ҷавон нимсўхтаи сигаретаро ба косаи шўрбо партофта, аз ҷой хест.
– Сабабашро худам ҳам намедонам. Шояд барои он, ки тамоми фикру зикрам ба ҳикояи шумо буд ё шояд барои он, ки вақти мутолиаи чизи вазнин кас ҷунбиши чизҳои сабукро ҳис намекунад…
Саттор як қад парида як ба мо нигаристу як ба ҷавони ношинос, ки вазнин– вазнин қадам зада, ҷониби баромадгоҳ мерафт. Сипас бо тааҷҷуб китф барҳам кашид:
– Аз ростӣ, чизе нафаҳмидам…
Зуд биё!
Дар нашриёт машғули таҳриру тасҳеҳ будам. Телефон занг зад.
– Дадо, зуд биё! Гапи муҳим ҳаст…
Саросема ба истгоҳ баромада, таксӣ доштам.
Саттор Турсун дар ҳуҷраи кори худ – шуъбаи насри маҷаллаи «Садои Шарқ» – нишаста буд, – парешонхотир менамуд. Маро дида ҳайрон шуд. Вале баъд… чизе ба ёдаш расид магар, қаламашро як тараф монда, ба курсӣ ишора кард.
Дар рў ба рўяш нишастам. Ў сигарета даргиронда, то охир кашид ва зоҳиран ба хотир оварда натавонист: барои чӣ ҷеғ зада буд маро.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё