Зинда будан кам аст

Инсони дарёдил, адиби хушқалам Аҳмадшоҳ Маҳмадшоҳро ҳаводорони каломи бадеъ хуб мешиносанду нек дар ёд доранд. Ў бо навиштаҳои ҳаҷвии худ миёни хонандагон шуҳратёр гардида буд.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 231 саҳифа
– Барои чӣ Н. – ро ҳурмат мекунам? Шояд барои он ки вай ман нест…
– Ҳангоми мутолиаи шеърҳои шоира Н. чанд бор ғусл кардам…
– Намедонам барои чӣ ин тавр: рўи шуморо бинам, ҳатман чашмам дард мекунад…
– Ман ту шудам, ту… шумо шудӣ…
– Ин чӣ хел ҷумласозӣ? Калимаҳоро чун милисаҳо қатор кардӣ…
– … Самолёт боз аз аз он ҷиҳат хуб аст, ки худпарастро ба Макка бурда, худопараст карда меорад.
– Виждон «гунг» бошад беҳтар, агар он забон барорад, бисёр касон худкушӣ мекунанд…
– Ман аз бедаҳанон метарсам. Онҳо метавонанд ҳар лаҳза ягон гапи беҷо зананд…
– Зане, ки ба ҳоли худ хандида метавонад, мард аст…
– Аз куҷо омадани тухмро дидан, боиси нафрати тухмдўст намешавад…
– Гапи нағз, лекин… бўин.
– Ман ҳайрони он зан ҳастам, ки шавҳари гумшудаашро аз бағали худ меёбад…
– Агар мард бошед, хезед, «ман номард» гўед!. .

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё