Зинда будан кам аст

Инсони дарёдил, адиби хушқалам Аҳмадшоҳ Маҳмадшоҳро ҳаводорони каломи бадеъ хуб мешиносанду нек дар ёд доранд. Ў бо навиштаҳои ҳаҷвии худ миёни хонандагон шуҳратёр гардида буд.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 231 саҳифа
– Шумо дар воқеъ ҳам ба акаатон бисёр монанд ҳастед. Он кас ҳам ҳамин хел беандеша гап мезаданд…
– Дурусттар нигоҳ кунед. Наход фақат гарданам буриданбоб бошад?!.
– Сари маро мегиред? Чӣ, худатон сар надоред?!,
– Алихўҷаҳо бо Хўҷаалиҳо ҷой иваз карданд…
– Ё гўши ман кар шудааст, ё овози шумо… аз пасатон мебарояд.
– Э, имрўз дар кўча воқиа не, як роман рўй дод!. .
– Fалатӣ менамояд, аммо рост аст…
– Чигунагии аҳволама аз ҳамин фаҳм, ки чанд сол аст ба гадо садақа надодаам…
– Баъзе чизҳои воқиан бисёр муҳимро чашми сар намебинад, бо чашми қалам дидан лозим…
– Номардон барои ҳамин дар ҳама ҷой лофи мардӣ мезананд...
– Ҳаёт одамонро гала мекунад, марг – сара.
– Вои он нависанда, ки гуфтаҳояш аз навиштаҳояш беҳтаранд…
– Нуқтаро шояд марг монад, вале аломатҳои дигари ҷумлаи Зиндагиро адибон мегузоранд…
– Шарти муҳими нависандагӣ «навишта тавонистан»
не, «нанавишта натавонистан» аст…

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё