Зеҳн
Зинда будан кам аст

Инсони дарёдил, адиби хушқалам Аҳмадшоҳ Маҳмадшоҳро ҳаводорони каломи бадеъ хуб мешиносанду нек дар ёд доранд. Ў бо навиштаҳои ҳаҷвии худ миёни хонандагон шуҳратёр гардида буд.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 231 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Агар бо ҳам якҷоя бошем, дар иловаи ин ки ҳарду дўстем, ҳамсоя ҳам хоҳем шуд, кироя ҳам тахфиф (сабукӣ) хоҳад ёфт.
Дубӣ гуфт:
– Дўстам, хеле мутаассифам аз ин ки наметавонам ин хоҳиши шуморо қабул кунам. Зеро вазифаи ман шустану пок кардан аст ва ман намехоҳам либосеро, ки ба заҳмат шустушў медиҳам, дар асари сиёҳии зуғол (ангишт) лаккадор (доғдор) гардад.

МЎРЧАҲО ВА ЧИРЧИРАК

Дар яке аз рўзҳои офтоби зимистон қисме аз мўрчагон масруфи хўрдани донаҳои гандум буданд, ки дар поиз аз тарафи онҳо ҷамъ шуда буд. Чирчираке, ки аз гуруснагӣ ба ҷон расида буд, аз он ҷо мегузашт. Вақте мўрчагонро дид, ки бо хушҳолӣ дона мехўранд, наздашон рафт ва илтимос кард ба ў каме хўрокӣ диҳанд.
Мўрчагон аз ў пурсиданд:
– Чаро ғизои худро дар тобистон захира накардӣ?
Чирчирак гуфт:
– Ман он қадар фурсат надоштам, зеро дар тобистон рўзу шаби ман бо сурудан мегузашт.
Мўрчагон бо истеҳзо ба ў гуфтанд:
– Вақте ту он қадар аҳмақ будӣ, ки тамоми тобистонро ба сароидан сипарӣ кардӣ, беҳтар аст ҳоло бо шиками гурусна ба рақс машғул шавӣ.
Оқибатандешӣ шарти ақл аст!

САЛТАНАТИ ШЕР

Ҳайвоноти дашту ҷангал ҷамъ шуда, шереро ба салтанат интихоб карданд. Ин Шер на қаҳролуду бераҳм буд, на золим, балки монанди як шоҳи бисёр одилу меҳрубон буд.
Шер дар замони салтанати худ фармоне содир кард, ки тамоми ҳайвонот: парандагон ва ҷонварони чорпо бо ҳам гирд оянд ва бо ҳам чунон иттиҳодияе ташкил диҳанд, ки дар он гургу барра, палангу бузғола, сагу харгўш ҳама бо ҳам дар фазои дўстиву сулҳ зиндагӣ кунанд.

пешина
аз 231
навбатӣ