Зинда будан кам аст

Инсони дарёдил, адиби хушқалам Аҳмадшоҳ Маҳмадшоҳро ҳаводорони каломи бадеъ хуб мешиносанду нек дар ёд доранд. Ў бо навиштаҳои ҳаҷвии худ миёни хонандагон шуҳратёр гардида буд.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 231 саҳифа
Харгўше аз ин иттиҳодия хушҳол шуда, бо нишоти зиёде гуфт:
– Оҳ… ман чӣ қадар орзу доштам чунин рўзеро бо чашм бинам, ки дар он заифон бидуни тарсу хавф дар паҳлуи тавоноён ба сар баранд.
ХУРЎС ВА ДОНАИ АЛМОС
Гўянд, хурўсе дар киштзоре масруфи шамидани ғизо буд, то шиками худу мокиёни худро сер кунад. Дар ин асно чашмонаш ба чизи дурахшандае афтод. Наздик рафту дид, ки донаи алмос аст. Хурўс алмосро бо минқори худ бардошт ва гуфт:
– Ин донаи алмос аст ва ба дасти инсон меафтод, сарвати бузурге насиби ў мешуд.
Мокиён дар ин ҷо сухани ўро қатъ карда, бо ханда гуфт:
– Вале, эй кош, мо ба ивази он як дона ҷав ва ё ҷуворие меёфтем, ки онро мехўрдем!
МОҲИГИРИ НАЙНАВОЗ
Моҳигиреро ҳикоят кунанд, ки найнавози моҳире буд. Рўзе тўри моҳигирии худро бо тавилаи хеш бардошт ва ба сўи дарё равон шуд. Дар соҳили дарё рўи санги баланде нишаст ва бо умеди ин, ки шояд моҳиҳо аз овози найи ў ба ваҷд омада, рақскунон дохили тўр хоҳанд шуд, ба навохтани най пардохт.
Моҳигир чандин таронаи дилчасп тавассути най навохт. Вақте дид ҳеҷ фоидае аз он ҳосил нашуд, найро ба канор гузошт ва тўрро ба дарё андохт, чун мушоҳида кард, моҳии зиёде дар дохили тўри ў рақс мекунанд, сари худро бо тааҷҷуб ҳаракат дода, ба моҳиҳо гуфт: «Эй ҳайвоноти ношиноси ман, вақте ба шумо мусиқӣ навохтам, шумо рақс накардед ва ҳоло ки мусиқӣ нест, бо хушӣ ба рақс мепардозед!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё