Зинда будан кам аст

Инсони дарёдил, адиби хушқалам Аҳмадшоҳ Маҳмадшоҳро ҳаводорони каломи бадеъ хуб мешиносанду нек дар ёд доранд. Ў бо навиштаҳои ҳаҷвии худ миёни хонандагон шуҳратёр гардида буд.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 231 саҳифа
– Ин кор ғайри мумкин аст.
Сангпушт гуфт:
– Бифармоед, ин ман ва ту, ин ҳам майдони мусобиқа!
Ҳарду бар мусобиқа омода шуданду бо тифоқ рўбоҳеро чун ҳакам таъин намуданд. Рўбоҳ майдонеро барои ин мусобиқа таъсис дод. Ва сангеро дар он тарафи майдон гузошт, ки тўли ниҳоии онҳо бошад. Сипас ҳар дуро омодабош дод ва баъд аз чанд сония ҳардуро ба давидан амр кард.
Сангпушт ба рафтори худ идома дод. Аммо харгўш, ки аз чолокӣ ва суръати худ сахт мағрур буд, ба ин кор чандон аҳамияте надод ва дар зери сояи дарахте ба истироҳат пардохт. Тасодуфан харгўш дар ҳамон ҷо ба хоб рафт, вақте ки бедор шуд, ба тамоми тавоноӣ ба давидан шурўъ кард. Вале афсўс, ки вақт гузашта буд, сангпушт ба ҳадаф расид ва рўбоҳ хатми мусобиқаро ба нафъи сангпушт эълом кард. Харгўш афсўскунон гуфт: «Як лаҳза ғофил мондаму садсола роҳам дур шуд».
САГ ВА ТАСВИР
Гўянд, саги ҳарисе порчаи гўштеро аз дукони қассобе дуздида фирор кард. Дар беруни шаҳр маҷбур бояд аз дарёчае убур кунад. Дар ҳамин асно тасвири худро дар об дид ва фикр кард: дигаре аст, ки порчаи гўштеро дар даҳон дорад. Саги ҳарис хост он порчаи гўштро низ ба даст орад.
Ба ин қасд бо суръати ҳар чӣ тезтар болои тасвири худ ҳамла кард. Вале вақте иштибоҳи ҳирси беҷои худро мутаваҷҷеҳ шуд, гўшти худашро низ об рабуда буд.
Ҳарис маҳрум аст!
КЎРМУШ ВА МОДАРАШ
Мегўянд, бачаи кўрмуш модари худро мухотаб сохта гуфт:
– Модари ҷон, ман бино ҳастам ва ҳар чизро ба хубӣ дида метавонам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё