Зинда будан кам аст

Инсони дарёдил, адиби хушқалам Аҳмадшоҳ Маҳмадшоҳро ҳаводорони каломи бадеъ хуб мешиносанду нек дар ёд доранд. Ў бо навиштаҳои ҳаҷвии худ миёни хонандагон шуҳратёр гардида буд.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 231 саҳифа
Модараш барои ин, ки иштибоҳи фарзандашро ба ў бифаҳмонад ва ҳам ақаллан исбот намоянд, чанд дона мўрчаи сиёҳро пеши чашми ў гирифта гуфт:
– Бигў, бубинам дар дасти ман чист?
– Дар дасти шумо сангреза аст.
Модараш мутаассир шуда, гуфт:
– Фарзанд, ту на танҳо кўр ҳастӣ, балки метарсам ҳисси шомаатро низ аз даст дода бошӣ.
ХИРС ВА РЎБОҲ
Хирсеро гўянд, ки аз инсондўстии худ лоф мезад. Ва мегуфт, ки нисбат ба тамоми инсонҳо бештар меҳрубон аст. Ва сабаби ҳамин меҳрубонист, ки ҳатто ба мурдаи инсон зарар намерасонад.
Рўбоҳе, ки лофу газофи ўро мешунид, бо хандаи мазоҳомезе гуфт:
– Эй кош, мурдаи инсонҳоро мехўрдӣ, аммо зиндаи эшонро намехўрдӣ!
ТАНБЕҲИ АМАЛӢ
Пире фарзандони худро ҳамеша ба иттиҳоду иттифоқ даъват мекард. Рўзе зимни насиҳати падарона хост мазаммати нифоқро амалан ба онҳо муҷассам созад. Рўи ин манзур фарзандони худро амр кард, то як дастаи тире ба назди ў ҳозир кунанд. Вақте ки тирҳо оварда шуд, пири равшанзамир дастаи тирро ба ҳар яке аз фарзандон дод ва эшонро ба шикастани он амр кард. Фарзандонаш бо тамоми қувва кўшиданд, то дастаи тирро бишкананд, вале муваффақ нагардиданд. Баъд аз он ки нотавонии худро эътироф намуданд, пирамард дастаи тирро бардошт ва тирҳоро якояк берун кашида бишкаст. Баъд аз он рўи худро ба сўи писаронаш, ки то ин дам маънии ин ҳақиқатро намедонистанд, гардонду гуфт:
– Эй арҷмандон, ин ҳаракати ман барои шумо як танбеҳи амалиро тамсил мекунад. Агар шумо монанди ҳамин дастаи тир муттаҳиду якдаст бошед, ҳеҷ қуввае ба шикастани шумо қодир нахоҳад шуд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё