Зеҳн
Зинда будан кам аст

Инсони дарёдил, адиби хушқалам Аҳмадшоҳ Маҳмадшоҳро ҳаводорони каломи бадеъ хуб мешиносанду нек дар ёд доранд. Ў бо навиштаҳои ҳаҷвии худ миёни хонандагон шуҳратёр гардида буд.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 231 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Муш ба нолаву зорӣ даромада, илтиҷо кард, ки агар султон ҳаёти ўро бахшад, муш абадан ин эҳсони бузурги ўро фаромўш намекунад ва рўзе эҳсони ўро бо эҳсон муқобила хоҳад кард.
Шер гуфтори мушро ба тани кўчаку заифаш муқоиса кард ва баъд ба хандаи истеҳзоомезе ўро раҳо намуд.
Муддате аз ин воқиа нагузашта буд, ки шер дар доме, ки шикорчиён барои гирифтани ў ниҳода буданд, гирифтор шуд. ҳар қадар дасту по зад бо тамоми қудрате, ки дошт, оҷиз шуду натавонист худро аз ресмонҳои қавӣ наҷот диҳад. Вақте ки маъюс шуд, шурўъ кард ба фарёду ғурридан. Муш тасодуфан овозашро шунид ва ба мададаш шитофт. Вақте ки ресмонҳои қавиро бо дандонҳои тези худ бурридаву шерро озод сохт, бо лаҳҷаи самимона ба шер гуфт:
– Шояд султон ҳеҷ гоҳе тасаввур намекард кореро, ки шерон аз анҷоми он оҷиз оянд, муше ба осонӣ иҷро намояд.
Эй тавоно! Ба зўри худ маноз, мо – заифон он чӣ натавонӣ, кардаем!

АРОБАКАШ

Аробакашеро ҳикоят кунанд, ки дар биёбони регзоре аробаеро бо суръат меронд ва ҳар лаҳза аспи аробаро қамчин мезад, то сареътар ҳаракат кунад. Ҳанўз фосилаи зиёдеро тай накарда буд, ки ногоҳ чархҳои ароба дар рег фурў монд ва асп аз рафтор бозмонд. Аробакаш аз ароба поин шуд ва ба чаҳор тараф назар андохт, то магар касеро пайдо кунад, ки аз ў мадад хоҳад. Вақте ҳеҷ касро дар он навоҳӣ надид, аз ғояти маъюсӣ дасти дуо баланд карду гуфт:
– Эй худо, ба фарёди мани бечора бирас!
Гўянд, марди рўҳоние ҳозир шуд ва аробакашро чунин мухотаб сохт:
– Фарзанди азиз, беҳуда фарёду хурўш макун! Авлотар аз ҳама шонаҳои қавии худро ба бозуи ароба дода, чархҳоро аз рег берун соз. Агар кўшидиву натавонистӣ, баъд аз он дуову мададхоҳӣ кун.

пешина
аз 231
навбатӣ