Зинда будан кам аст

Инсони дарёдил, адиби хушқалам Аҳмадшоҳ Маҳмадшоҳро ҳаводорони каломи бадеъ хуб мешиносанду нек дар ёд доранд. Ў бо навиштаҳои ҳаҷвии худ миёни хонандагон шуҳратёр гардида буд.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 231 саҳифа
Басо шахсиятҳои бузурге, ки аз воқиоти бисёр ҷузъӣ беҳавсала мешаванд.
САГ ВА ГОВҲО
Сагеро гўянд дар охури говҳо ҷой гирифта буд ва говҳоро бо ғурридану ғув– ғув метарсонд ва намегузошт онҳо коҳ бихўранд. Говҳо аз ин ҳаракат бисёр ҳалқтанг шуда ва яке аз онҳо ба дигаре гуфт:
– Чӣ саги худхоҳе! Худаш коҳ хўрда наметавонаду моро намегузорад, ки аз коҳе ки барои мо гузошта шудааст, истифода кунем.
На коҳ мехўрад, на охурро холӣ мекунад.
ҚУЛАНГ ВА ГУРГ
Гургеро гўянд, ки порчаи кўчаки устухоне дар даҳони ў банд монда буд ва бо қуланге гуфтугў кард, ки агар устухони мазкурро аз даҳони ў хориҷ кунад, инъоме ба ў хоҳад дод. Куланг сари худро дар даҳони гург дохил кард ва устухонро ба минқор берун кашид ва баъд мунтазир шуд, то гург ба ваъда вафо кунад. Гург маънии интизори ўро фаҳмид ва ба ў гуфт:
– Мунтазир мабош, ту инъоми худро дарёфт кардаӣ.
Қуланг гуфт:
– Чӣ тавр?
Гург гуфт:
– Оё ҳамин инъоми бузург ба ту набуд, ки сари худро аз даҳони як гург ба саломат берун кардӣ?. .
ШЕРУ МУШ
Шере ба хоб рафта буд. Муше аз сўрохӣ бадар шуд ва
бидуни ин ки мултафит шавад, аз болои сари шер убур
кард ва ўро аз хоб бедор сохт. Шер бархост ва мушро гирифт, хост ўро бикушад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё