Зеҳн
Зинда будан кам аст

Инсони дарёдил, адиби хушқалам Аҳмадшоҳ Маҳмадшоҳро ҳаводорони каломи бадеъ хуб мешиносанду нек дар ёд доранд. Ў бо навиштаҳои ҳаҷвии худ миёни хонандагон шуҳратёр гардида буд.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 231 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

ЗОF ВА КАБЎТАРОН

Зоғеро назар ба дастае аз кабўтарон афтод, ки соҳибашон донаи зиёда парешон андохта буд. Зоғ фавран болу пари худро ранги сафед додаву дохили хели кабўтарон шуд. Зоғ то вақте ки хомўш буд, кабўтарон ўро ҷинси худ гумон мекарданд. Аммо рўзе зоғ вазъи худро фаромўш карда, бо садои баланд ба коғ– коғ шурўъ кард.
Кабўтарон фавран зоғро шинохта, бо минқорҳои худ ўро аз хели худ берун карданд. Зоғ вақте дид дар байни кабўтарон зиндагӣ наметавонад, дубора ба дастаи зоғон паноҳ бурд. Аммо зоғон ба нисбати пару боли сафедаш ўро нашинохта, ба галаи худ роҳ надоданд.

РОСУ (МИРИ МУШОН) ВА МУШ

Росуе ба нисбати заъфи пирӣ наметавонист мушҳоро монанди рўзгори гузашта шикор кунад. Лиҳозо худро ба шакли мурда дар як гўшаи торикӣ пинҳон кард. Муше аз ғор бадар шуд ва ўро ғизо тасаввур карда, болои ў баромад. Росу ўро фавран гирифт ва туъмаи худ сохт. Ба ҳамин тартиб чандин мушро яке баъди дигаре балъид.
Дар охир муши пире, ки аз чандин дом ҷон ба салдомат бурда буд, ҳаракати росуро аз дур таъқиб намуда, бо овози баланд ба ў гуфт:
– Ман туро хуб мешиносам. Эй кош, ту воқиан бимирӣ, то мо аз шарри ту наҷот ёбем.

ХАРУ ГУРГ

Харе дар яке аз марғзорҳо ба чаро машғул буд.
Ногоҳ дид, гурге ба тарафи ў меояд. Хар фавран бо ҳилла лангон– лангон ба роҳ рафтан шурўъ кард.

пешина
аз 231
навбатӣ