Зинда будан кам аст

Инсони дарёдил, адиби хушқалам Аҳмадшоҳ Маҳмадшоҳро ҳаводорони каломи бадеъ хуб мешиносанду нек дар ёд доранд. Ў бо навиштаҳои ҳаҷвии худ миёни хонандагон шуҳратёр гардида буд.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 231 саҳифа
– Fуруру худфиребӣ набояд туро ин қадар масхара бисозад. Зеро ту воқеан дар байни гургон монанди Шер маълум мешавӣ, аммо дар байни шерон ҷуз гурги нотавон нестӣ.
РЎБОҲ ВА АНГУР
Рўбоҳи гуруснаеро бар токе назар афтод, ки хўшаҳои пухтаву рангини ангур дошт. Вале чун боғбон токро поя дода буданд, хўшаҳои ангур аз андозаи қади рўбоҳ бисёр баланд буданд. Рўбоҳ ҳар найрангеро ки ёд дошт, ба харҷ дод, то аз он ангурҳо истифода кунад, аммо худро беҳуда мондаву хаста сохт. Вақте аз ба даст овардани ангур ба куллӣ маъюс шуд, бо худ гуфт:
– Оҳ, ин хўшаҳои ангур туршу бадмазза аст!. .
САГҲО ВА РЎБОҲ
Иддае аз сагҳо пўсти шереро ба даст оварда, онро бо дандонҳои худ пора– пора мекарданд. Рўбоҳе онҳоро диду гуфт:
– Агар ин шер зинда мебуд, шумо ба хубӣ мутаваҷҷеҳ мешудед, ки чанголҳои ў қавитар аз дандонҳои шумост.
РЎБОҲ ВА ШОДӢ
Рўбоҳе бо як шодӣ ҳамасафар шуд. Дар аснои роҳ ба қабристоне расиданд, ки ба ҳар қабри он лавҳаҳо истода буд. Шодӣ (маймун) ба рўбоҳ гуфт:
– Тамоми ин лавҳаҳоро, ки мебинӣ, бо ифтихори аждоди ман касб шудааст, зеро аждоди ман дар вақти худ мардумони озодманиш ва роҳбарони маъруфу бузург будаанд.
Рўбоҳ дар ҷавоб гуфт:
– Шодии азаз, мавзўи дурўғи худро хеле моҳирона интихоб кардӣ, зеро ман яқин дорам, ки аждоди ту сар аз хок нахоҳанд бардошт, то гуфтаҳои туро тасдиқ намоянд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё