Зеҳн
Зинда будан кам аст

Инсони дарёдил, адиби хушқалам Аҳмадшоҳ Маҳмадшоҳро ҳаводорони каломи бадеъ хуб мешиносанду нек дар ёд доранд. Ў бо навиштаҳои ҳаҷвии худ миёни хонандагон шуҳратёр гардида буд.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 231 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Заған рафт ва баъд аз муддате як муши мурдаро назди уқоб овард. Уқоб аз дидани муши мурда рўро ба тарафи заған оварда, гуфт:
– Оё ҳамин аст филмурғе, ки ваъда карда будӣ шикор мекунӣ?
– Барои он ки ҳамсари шоҳи паррандагон бошам, лозим буд ҳар гуна ҷонфишонӣ ва эсорро ва ваъда бидиҳам, вале медонистам, ки бо вуҷуди фидокорӣ ба ваъдаҳои худ вафо карда нахоҳам тавонист.

УҚОБ ВА ДЕҲҚОН

Марди деҳқоне уқобро дошта, фавран болу пари ўро қатъ кард ва ўро бо мурғони хонагӣ якҷо сохт. Уқоб аз ин вазъ бисёр ғамгин буд. Рўзе ҳамсояи деҳқон уқобро харидорӣ кард ва ў мувозинат кард, то болҳояш дубора нумўъ кунанд. Вақте болҳои уқоб нумўъ кард, уқоб парвоз карда рафт ва харгўшеро дар чангол гирифта овард, то ба соҳиби дувуми худ ҳадя дода, эҳсони ўро адо кунад. Рўбоҳе шояд ин ҳолро дида буд, ба уқоб гуфт:
– Соҳиби дувуми ту марди беозор аст. Ту беҳтар аст ин ҳадяро ба соҳиби авали худ бибарӣ. Зеро мумкин аст ў дубора туро ба даст оварад ва боз болҳои туро қатъ кунад.

МУСОФИР ВА БАҲР

Марде ба сафари дарё рафт. Дафъатан дар дарё тўфоне шуд, кишти шикаст ва мусофир дар ҷазира афтод. Мусофир ба хоби ширине фурў рафт ва пас аз он ки бедор шуд, баҳрро маломат карда, гуфт:
– Ту чӣ қадар фиребкорӣ, ки мардумро ба замини ором ва вазъи мулоимии худ ба сафари баҳр ташфиқ мекунӣ, вале ҳамин ки ба ҳаракат шурўъ кард, тўфоне мешавӣ ва мардумро ғарқ мекунӣ.
Гўянд, дарё хомўширо ихтиёр кард ва дар ҷавоб гуфт:
– Азизам, ту маро маломат кунӣ, ман нисбатан бисёр ором ва мулоим ҳастам, вале он чӣ маро тўфон месозад, тамоми баҳрҳост, ки маро нороҳат сохта, мунқалаб мегардонанд.

пешина
аз 231
навбатӣ