Зеҳн
Зинда будан кам аст

Инсони дарёдил, адиби хушқалам Аҳмадшоҳ Маҳмадшоҳро ҳаводорони каломи бадеъ хуб мешиносанду нек дар ёд доранд. Ў бо навиштаҳои ҳаҷвии худ миёни хонандагон шуҳратёр гардида буд.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 231 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ба муҷарраде, ки рўбоҳ ба сурох рафт, саг фавран бар ў ҳамла кард ва ўро пора– пора сохт.

ПИШАК ВА ЗУҲРА

Гўянд, пишаке бар ҷавоне ошиқ шуд ва аз Зуҳра хоҳиш кард, то ўро ба сурати духтари мақбуле дарорад, ки ба ҷавон арўсӣ кунад. Зуҳра хоҳиши ўро қабул кард ва ўро ба сурати духтари зебо даровард. Ҷавон ошиқи ў шуд ва ўро хонуми худ сохт. Дар ҳоле ки зану шавҳар айни машғули муошиқа буданд, Зуҳра ба худ фикр кард, ки беҳтар аст бидонад, оё пишак одати худро тағйир додаст ё не? Ба ин мақсад мушеро дар хонае, ки онҳо масруфи хушӣ буданд, фиристод. Хонум ба муҷарради дидани муш ҳама чизро фаромўш карда, ба тарафи муш давид ва хост онро нўши ҷон кунад. Зўҳра аз мушоҳидаи ин вазъ барошуфт ва ўро дубора ба шакли пишак даровард.

УҚОБ ВА ЗАFАН

Уқобе, ки аз танҳоӣ ранҷ мебурд, ба хотири ғамгин ба шохи дарахте нишаст, ки заған нишаста буд. Заған сабаби ғамгинии ўро пурсид. Уқоб гуфт:
– Чаро ғамгин нашавам? Муддати зиёде аст, ки мехоҳам барои худ ҳамсаре интихоб кунам, вале намеёбам.
– Ман ҳозир ҳастам ҳамсари ту бошам ва инро ҳам яқин дошта бош, ки ман нисбат ба ту бисёр қавитар ҳастам.
– Оё ту метавонӣ бо шикори худ ба ҳардуи мо ғизо таҳия кунӣ?
– Чаро не? Ман борҳо мурғро бо худ бардоштаам.
Уқобро аз ин таъриф табъ хуш шуд ва ба ў арўсӣ кард. Рўзе ба ў гуфт, ки биравад шикоре ба даст орад.

пешина
аз 231
навбатӣ