Зеҳн
Зинда будан кам аст

Инсони дарёдил, адиби хушқалам Аҳмадшоҳ Маҳмадшоҳро ҳаводорони каломи бадеъ хуб мешиносанду нек дар ёд доранд. Ў бо навиштаҳои ҳаҷвии худ миёни хонандагон шуҳратёр гардида буд.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 231 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

– Ҳамин ҷурм барои куштани ту кофӣ аст. Зеро ту барои ҳифзи ҳаёти худ мехоҳӣ дўстону ақрабои худро фиреб бидиҳӣ.

РЎБОҲ ВА БУТТАИ ПЕЧАК

Буттаи ошиқи печаке болои буттаи гуле худро часпонда буд. Рўбоҳе, ки аз он навоҳӣ мегузашт, пояш лағжид, вале хост аз буттаи ошиқи печак гирифта, худро аз афтодан наҷот диҳад. Аммо рўбоҳ афтод ва каме афгор шуд. Рўбоҳ аз буттаи ошиқи печак шикоят кард, ки чаро дар вақти зарурат аз ў ҳимоят накард. Буттаи ошиқи печак дар ҷавоб гуфт:
– Ман намедонистам дар байни табақаи рўбоҳ ҳам аҳмақ пайдо мешавад. Ту чӣ тавр аз касе ки худаш ба кўмаки дигаре эҳтиёҷ дорад, кўмак мепурсӣ?. .

САГ ВА САДАФ

Сагеро ҳикоят кунанд, ки ҳамвора тухми мурғҳои ҳамсояро дуздӣ карда мехўрд. Рўзе садаферо дид ва онро тухм тасаввур карда, фавран балъид. Дере нагузашта, дарди бисёр сахтеро дар меъдаи худ эҳсос кард ва ба иштибоҳи худ пай бурд. Саг дар ҳоле, ки аз шиддати дард менолид, ба худ гуфт:
– Ростӣ, ман сазои худро дидам. Ман набояд ҳар чизеро, ки гирд бошад, тухм тасаввур кунам!

ДЕҲҚОН ВА ПАШША

Деҳқоне, ки аз газидани як пашша ба ташвиш буд, билохира ўро гирифту гуфт:
– Ту кистӣ, ки ин қадар ҷуръат карда хуни маро мемакӣ ва маро заҳмат медиҳӣ?
– Оқо, лутфан аз куштани ман сарфи назар кунед.
Ман пашшаи кўчак ҳастам ва зарари ман ҳам ба шумо он қадар муҳим нест, ки сабаби куштани ман шавад.

пешина
аз 231
навбатӣ