Зинда будан кам аст

Инсони дарёдил, адиби хушқалам Аҳмадшоҳ Маҳмадшоҳро ҳаводорони каломи бадеъ хуб мешиносанду нек дар ёд доранд. Ў бо навиштаҳои ҳаҷвии худ миёни хонандагон шуҳратёр гардида буд.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 231 саҳифа
ҲУДҲУД ВА ПАДАРАШ
Тибқи асотир ҳудҳуд пеш аз пайдо шудани замин халқ шуда буд. Аммо вақте падари ў даргузашт, ҳудҳуд намедонист ўро куҷо дафн кунад, зеро замин вуҷуд надошт. ҳудҳуд то як ҳафта нашъи падари худро бардошт ва баъд онро дар сари худ дафн кард. Ба нисбати ҳамин эҳтироми падар, қабри падари ў ба шакли тоҷе ба фарқи ў қарор гирифт.
ДЕҲОТӢ ВА ДАРАХТИ СЕБ
Гўянд, ки марди деҳотӣ дар ҳавлии худ дарахти себе дошт, ки мева намедод. Вале парандагон дар он паноҳгоҳе доштанд. Рўзе он мард хост дарахти себро бибуррад. Табари худро бар танаи дарахт ҳавола кард.
Парандагон аз ў хоҳиш карданд, ки дарахти себро набуррад, зеро он ягона паноҳгаҳи онҳо буд. Ҳама ваъда доданд, ки агар деҳотӣ он дарахтро қатъ накунад, паррандагон ба сароидани худ вақти ўро хуш хоҳанд кард.
Деҳотӣ ба парандагон эътиное накард ва дубора табари худро бар танаи дарахт ҳавола кард. Дар зарбаи саввум сўрохе дар танаи дарахт намоён шуд ва аз он шаҳди зиёде фурў рехт. Деҳотӣ вақте маззаи шаҳдро чашид ба худ омад ва аз қатъ кардани дарахт сарфи назар кард ва аз он баъд аз ў бо бисёр хубӣ парасторӣ мекард.
Баъзе мардум маҳз рўи манфиати худ кор мекунанд.
ПАШША ВА НАРГОВ
Пашшае дар шохи гове иқомат гузид. Пас аз муддате, вақте мехост аз он ҷо ба ҷои дигаре нақли макон кунад, ба гўши наргов наздик шуд ва ба ў гуфт, ки агар иҷозат бошад, албатта.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё