Зеҳн
Зинда будан кам аст

Инсони дарёдил, адиби хушқалам Аҳмадшоҳ Маҳмадшоҳро ҳаводорони каломи бадеъ хуб мешиносанду нек дар ёд доранд. Ў бо навиштаҳои ҳаҷвии худ миёни хонандагон шуҳратёр гардида буд.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 231 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Наргов ҷавоб дод:
– Ман аз омадани ту хабар нашудам ва яқин дошта бош, ки рафтани ту ҳамаро нороҳат намекунад.
Аксар мардум худро муҳимтар аз он чӣ ҳастанд, тасаввур мекунанд.

ШУБОН ВА ГЎСФАНДАШ

Шубоне ба дарахти бузурге боло шуд, то барои гўсфандони худ баргҳои дарахтро фурў резад. Шубон куртаи худро дар зери дарахт гузошта буд. Гўсфандон дар вақте ки аз баргҳо истифода мекарданд куртаи шубонро, ки дар байни баргҳо буд, пора– пора сохтанд.
Шубон аз дидани ин ҳол онҳоро мухотаб сохта гуфт:
– Эй ҳайвоноти носипос, шумо аз пашми худ барои мардуми дигар либос таҳия менамоед, вале либоси касеро, ки барои тағзияи (таоми) шумо заҳмат мекашад, пора мекунед.

МУСОФИР ВА САДОҚАТ

Мусофире дар яке аз биёбонҳо дид зане танҳо ва ғамгин нишастааст. Мусофир аз ў пурсид:
– Ту кистӣ?
– Номи ман Садоқат аст.
– Чаро дар ин биёбон гўшанишин шудаӣ?
– Ба иллати ин ки дар замони қадим дурўғ умумият надошт, аммо ҳоло он чӣ инсонҳо мегўянд ва мешунаванд, дурўғ аст. Лиҳозо барои ман дар шаҳр ҷое вуҷуд надорад.

САГҲО ВА ПЎСТИ ГОВ

Иддае аз сагҳои гурусна диданд, ки пўсти гове дар
байни ҳавзе пур аз об таҳнишин шуда, сагҳо наметавонистанд пўсти говро ба чанг оваранд. Лиҳозо бо ҳам
файсала карданд, ки тамоми оби ҳавзро бинўшанд, то об
хушк шавад ва баъд аз он пўсти говро ба даст оранд. Рўи
ин тасмим (қарор) ба нўшидани об шурўъ карданд. Вале пеш аз он ки ба пўсти гов бирасанд, тамоми сагҳо аз нўшидани об ҳалок шуданд.

пешина
аз 231
навбатӣ