Зеҳн
Зинда будан кам аст

Инсони дарёдил, адиби хушқалам Аҳмадшоҳ Маҳмадшоҳро ҳаводорони каломи бадеъ хуб мешиносанду нек дар ёд доранд. Ў бо навиштаҳои ҳаҷвии худ миёни хонандагон шуҳратёр гардида буд.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 231 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Гург ба тарафи сояи худ гуфт:
– Аҷаб аст, ки ман бо ин азамат аз шер тарсам. Дар ҳақиқат, ман бояд подшоҳи тамоми ҳайвонот бошам.
Гург, дар ҳоле ки масруфи ин афкор буд, шер ўро аз дур дида тохт ва ўро дарид. Гург дар лаҳзаи охирини зиндагӣ бо худ мегуфт:
– Бодо ба ҳоли ман, худро болотар аз он чӣ воқиан будам, тасаввур кардам ва ин сабаби табоҳии ман шуд.

ХАР ДАР ҶИЛДИ ШЕР

Хареро гўянд, дар пўсти шере ба тарафи ҷангал рафт.
Вақте ҳайвоноти соддадил аз вай метарсиданд, хар аз вазъ лаззат мебурд. Билохира, рўбоҳе ба муқобили ў шуд. Хар хост ўро ҳам битарсонад. ҳамин буд, ки ба тарафи рўбоҳ давиду овози худро баланд кард. Рўбоҳ дар аввал тарсид, аммо вақте овози ўро шунид, харро чунин мухотаб сохт:
– Ростӣ, ман аз ту метарсидам, ба шарте ки овози туро намешунидам.

МАГАС ВА АСПИ КАРОГӢ (АРОБА)

Магасе назди аспи карогӣ рафту гуфт: «Туро чӣ шуда? Чаро босуръат роҳ наменамоӣ? Бигзор ман туро бигазам, то каме сареътар ҳаракат бикунӣ».
Асп дар ҷавоб гуфт: «Ман ба таҳдидҳои ту сареътар намешавам. Чилави ман дар дасти касест, ки болои карогӣ нишастааст. Фақат ў метавонад маро сареъ ва оҳиста бисозад. Пас, ман худам метавонам чӣ вақт сареъ шавам ва чӣ вақт оҳиста. Эҳтиёҷ ба фармоиши ту нест».

ҚУМРӢ ВА ЗОF

Қумриеро гўянд, ки дар қафасе нишаста ва фарзандони бисёре дошт ва аз ин ифтихор мекард. Лофҳои ўро
зоғе шунида, қафаси ўро шикаст ва гуфт: «Беҳуда ифтихор макун, ҳар қадар фарзандони ту зиёд бошанд, ба ҳамон андоза ғаму ғуссаи ту афзун хоҳад шуд, зеро онҳо монанди худат дар ин маҳбас асир хоҳанд шуд.

пешина
аз 231
навбатӣ