Зинда будан кам аст

Инсони дарёдил, адиби хушқалам Аҳмадшоҳ Маҳмадшоҳро ҳаводорони каломи бадеъ хуб мешиносанду нек дар ёд доранд. Ў бо навиштаҳои ҳаҷвии худ миёни хонандагон шуҳратёр гардида буд.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 231 саҳифа
ПАШША ВА БАРЗАГОВ
Пашшае аз як барзагове пурсид: «Туро чӣ шудааст, ки бо ин ҷисму қувва бо инсонҳо, ки туро монанди ғулом корҳои душвор мефармоянд, гардан мениҳӣ. Ман як маслуқи бисёр кўчакам, бераҳмона хуни онҳоро мемакам.
Барзагов дар ҷавоб гуфт: «Ман намехоҳам носипос бошам. Инсонҳо аз ман ба муҳаббат муносибат мекунанд ва бо даст сару гардани маро навозиш мекунанд».
Пашша бо тааҷҷуб гуфт: «Дод аз навозиши дасти инсон, ки барои ту маънии муҳаббатро дораду барои ман марг аст!»
ГАВАЗН ВА ҲАВЗ
Гавазне аз гармии тобистон ба ҷон расида, назди чашма омад, то об нўшад. Вақте акси худро дар об дид, аз мушоҳидаи шохҳои қавии худ бисёр хуш шуд. Вале ҳамин ки назараш ба пойҳои лоғараш афтод, нороҳат шуд ва гуфт:
– Афсўс, ки пойҳои ман бисёр борик аст.
Дар ҳамин вақт шере пайдо шуд. Шер хост гавазнро шикор кунад, вале гавазн бо суръати тез рў ба гурез ниҳод. Чун гавазн дар давидан тавоно буд, фосилаи байни онҳо зиёдтар мешуд. Вақте гавазн дохили ҷангале гардид, дид шохҳои ў дар шохчаҳои ҷангал банд шуд ва ў наметавонист гурезад. Дере нагузашта ў худро дар чанголи шер ёфт. Гавазн дар охирин лаҳзаҳои зиндагӣ ба худ гуфт:
– Бодо ба ҳоли ман, ки он чӣ ба назари ман ҳақир менамуд, сабаби наҷоти ман шуд ва он чӣ дар назари ман сабаби ифтихор буд, табоҳии маро фароҳам сохт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё