Зинда будан кам аст

Инсони дарёдил, адиби хушқалам Аҳмадшоҳ Маҳмадшоҳро ҳаводорони каломи бадеъ хуб мешиносанду нек дар ёд доранд. Ў бо навиштаҳои ҳаҷвии худ миёни хонандагон шуҳратёр гардида буд.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 231 саҳифа
Суҳбати мо тўл кашид. Зеро тадбирҳои давоӣ зиёд буданду ҳамаи онҳоро ба хотир гирифтан ҳеҷ имкон надошт. Ва ман маҷбур будам, ки шарҳи баъзеашонро нуқта ба нуқта дар дафтарчаам нависам. Ҳеҷ аз хотирам намеравад: аз «Рисолат– ул– адвия» ном китобе чанд пора шеър аз ёд хонданд ва ҳар кадоми ин пораҳо дар ду– се саҳифаи дафтарчаи ман ҷой мегирифт…
Он рўз мебоист бо Ҳайрат Шанбезода ба ошхона мерафтем. Бинобар ин, ў чанд маротиба соаташро ба ман нишон дод ва ба долон баромада, муддате пасупеш қадам зад. Ва азбаски бо вуҷуди ин суҳбати ману акаи Баҳром хотима наёфт, асабӣ шуда, худаш танҳо нонхўрӣ рафт…
Баъд аз чанд моҳ аз Хуҷанд хабари нохуше расида, ҷигари моро об кард. Баҳром Фирўз– он шоири ширинкалом ва носири воломақом дар айни камолоти эҷодӣ аз сактаи дил ногаҳон фавтиданд…
…Боре кадом як хеши Ҳайрат ба нашриёт ташриф овард ва аз бемориам хабар ёфта, «амр» намуд: зуд қаламу коғаз гирам ва ҳар чӣ ў гўяд, бинависам. Маълум шуд: меҳмон низ акаи Баҳром барин аз асрори тибби қадим бохабар будааст. Ва хосиятҳои шифоии чанд гулу гиёҳро шарҳ дода, эътимод бахшид: агар аз онҳо истифода барам, дарди танам ба чаҳор пой хоҳад гурехт.
Онҳо бояд ба меҳмонӣ мерафтанд, ба ин сабаб нақли бафурҷа ва дуру дарози хешаш Ҳайратро водор намуд чанд бор гулў афшонад, яъне: дер шуд. Азбаски меҳмон «забон»– и гулўии ўро нафаҳмид, Ҳайрат ноилоҷ аз ҷой бархост ва назди мо омада, аз хешаш пурсид: оё Баҳром Фирўзро мешиносад?
– Ҳа, – гуфт меҳмон. – Раҳматӣ нависандаи хуб буд.
Ман аксар қиссаву ҳикояҳояшро хондаам.
– Оё медонӣ, ки вай баъди суҳбат бо ҳамин мардак мурд?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё