Зеҳн
Зинда будан кам аст

Инсони дарёдил, адиби хушқалам Аҳмадшоҳ Маҳмадшоҳро ҳаводорони каломи бадеъ хуб мешиносанду нек дар ёд доранд. Ў бо навиштаҳои ҳаҷвии худ миёни хонандагон шуҳратёр гардида буд.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 231 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

– Не… меҳмон аз чӣ бошад, ранг бадал карда, бо тааҷҷуб гоҳ ба ман менигаристу гоҳ ба хеши худ.
– Ҳа, – кулоҳашро аз либосовезак гирифт Ҳайрат. – ҳама гап дар ҳамин, ки касе дар бораи бемории ў бисёр гап занад, дер нахоҳад зист…
03. 02. 1996.

КЎРХАТ

Арбоб Вадуд гуфт, ки боз дар гардани Низом Қосим пучак баромадааст.
Пиёлаҳои чойро як тараф монда, афсўс хўрдем. Зеро медонистем: шоири бечора чанд моҳ инҷониб рўйи хуш надошт. Пучак, исқотӣ, ба Низом ошиқ шуда буд магар, бидуни ибову андеша як рўз аз ин ҷой ва рўзи дигар аз он чои танаш мебаромад.
– Пучак?– абрў ба ҳам кашид мунаққид Н., ки меҳмони мо буд. – Агар Низом хасисӣ накунад, ман роҳи пучакро мебандам, вай дигар ба ў ҳатто наздик намешавад.
– Пучак шоири беҳунар нест, ки аз даму нафаси мунаққид тарсад, – хандид Арбоб.
– Хандаатон, бародар, беҷост. Ман ҳазл намекунам, – ранҷид Н. – Шумо рафта, бо Низом маслиҳат кунед…Ман аз авлоди Эшонҳои бузург ҳастам, кўрхати пучакро медонам.
Ин дам худи Низом аз дар даромад, ки бо даст дастрўмолро дар паси гарданаш медошт. Аз ранги коҳидаи рўй ва чашмони ба косахонаи сар фурўрафтаи ў маълум буд: ба чӣ азобе мувоҷеҳ аст.
Даъвои Н. – ро шунида, гуфт:
– Як не, даҳ зиёфат медиҳам. Фақат… Пучаке, ки аз теғи духтурон наметарсад, магар аз даму нафаси эшонҳо…
– Аз ин ҷиҳат хотирҷамъ бошед, – ришханди ночаспоне кард Н.

пешина
аз 231
навбатӣ