Зинда будан кам аст

Инсони дарёдил, адиби хушқалам Аҳмадшоҳ Маҳмадшоҳро ҳаводорони каломи бадеъ хуб мешиносанду нек дар ёд доранд. Ў бо навиштаҳои ҳаҷвии худ миёни хонандагон шуҳратёр гардида буд.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 231 саҳифа
Одам чист– барге дар кафи боди тақдир. Ў намедонад ин бод аз кадом сў мевазад, ба куҷояш мебарад.
Гуландоми соҳибҷамол дар Дарбанд таваллуд шуд, ба воя расид, вале насибаи ҷавоне гардид, ки дур аз Дарбанд, дар водӣ мезист.
Аз даст рафтани чунин як духтари зебо холаи Маҳтобро малул кард ва ў шаби тўй ҳама қаҳру заҳри худро ба сари ҷавонони деҳа рехт:
– Ношудҳо, беномусҳо, анкаголҳо! Чаро аз шарм ба замин фурў намеравед? Охир, байрақро аз дастатон мебаранд, байрақро!!.
Димоғи усто Абдулаҳад чоқ: кам не, панҷ дос фурўхтааст.
Сари кампири Шодигул дар осмон: говаш дугоник зоидааст.
Деги Сафар– Мерган дар ҷўш: як борхалта кабк шикор кардааст.
Ҳуши амаки Шамсӣ дар сараш нест: Нафақаашро гирифтааст.
Даҳони холаи Маҳтоб дар баногўшаш: моҳ нав шудааст…
Санавбар– духтари мулло Раҳмат шавҳар кард.
Тўй шуд, то як поси шаб базму сур карданду арўсро ба хонаи домод гуселониданд. Вале гап дар ин нест.
Рўзи дигар арўсро бозпас оварданд. Бо чиҳозаш.
Тўйхона ба азохона табдил ёфт. Вале гап дар ин ҳам нест. Духтари мулло ҳам инсон аст ва наметавонад беайб бошад.
Домод ба шиддати алам тоб наовард, чашмаш хира шуду ақлаш тира ва аз гиребони мулло Раҳмат гирифт.
Вале гап дар ин ҳам нест. Мардуми Дарбанд гармхунанд, як рўз аз гиребони ҳамдигар нагиранд, шаб хобашон намебарад.
Пирони баномусро аз ин воқиа нанг омад, оҳи бадард кашиданд: «Ба духтарони ин замон чӣ мегўӣ!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё