Зинда будан кам аст

Инсони дарёдил, адиби хушқалам Аҳмадшоҳ Маҳмадшоҳро ҳаводорони каломи бадеъ хуб мешиносанду нек дар ёд доранд. Ў бо навиштаҳои ҳаҷвии худ миёни хонандагон шуҳратёр гардида буд.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 231 саҳифа
Андеша намекунанд, ки гиребони падар пораест аз домани онҳо!..» Вале гап дар ин ҳам нест. Аз қиссаву достонҳо медонем, ки духтарони замонҳои пеш низ чандон баандеша набудаанд.
Пас, аз чунин шаф– шаф мурод чист? Ё холаи Маҳтоб каромоте кард?
Оре. Ў дар деҳа набуд, баъди чанд рўзи тўй омад. Ва баробари шунидани он воқиаи нангин ҳуш аз сараш парид. Барҷаст, ба боми хонааш баромад ва даст ба осмон бардошта, хитоб намуд.
– Эй Худо! Ё ба ин бешармҳо инсоф деҳ, ё рўи маро сиёҳ кун!!.
…Ҳамон шаб моҳ гирифт…
Холаи Маҳтоб мегуфт: «Ба дарё санг напартоед!» Вале на аз барои он, ки аз санги мо пеши дарё банд мешуд.
Оби мусаффои дарё ба назари ў чун оина метофт, метарсид, мабодо шиканад.
Ў чунин мегуфт: «Аз дарё моҳӣ гиред!» Зеро намехост аз нодонӣ ба чашма шаст андозему дар бало монем.
«Аввалан, хўрдани моҳии чашма манъ аст, – мефаҳмонд ў. – Сониян, касе ки ба нияти бад сари чашма меравад, рўзи хуш намебинад».
ДУОҲОИ ХОЛАИ МАҲТОБ
Илоҳӣ, ришат резад!
Илоҳӣ, хабари марги душманат наояд!
Илоҳӣ, аз чормағзат як мағз нахўрӣ!
Илоҳӣ, навбати осиё аз ёдат барояд!
Илоҳӣ, гови ҳамсояат дугоник зояд!
Илоҳӣ, ба мушқапак зор шавӣ!
Илоҳӣ, ба аспи меҳмонат ҷав наёбӣ!
Илоҳӣ, саратро ба собуни ҳамсоя шўӣ!
Илоҳӣ, аловат дарнагирад!
Илоҳӣ, хори сари деворатро уштур хўрад!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё