Зеҳн
Зинда будан кам аст

Инсони дарёдил, адиби хушқалам Аҳмадшоҳ Маҳмадшоҳро ҳаводорони каломи бадеъ хуб мешиносанду нек дар ёд доранд. Ў бо навиштаҳои ҳаҷвии худ миёни хонандагон шуҳратёр гардида буд.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 231 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

– Не, – гуфт Сорбон, – МХМ буд, яъне Мошини Хизматии Меҳмон…

АЛОМАТИ ПИРӢ

Боре кадом як шиноси Меҳмон Бахтӣ гила мекунад, ки ў имрўз аз наздаш гузашт, аммо вайро надид. Меҳмон зуд узр пеш меоварад: «Бубахшед. Шояд ин аломати пирӣ бошад. Ҳоло ман аз масофаи 8– 10 км одамро намешиносам…»

АЗ ХУДАМА ХЎРДАМ

Айни авҷи суҳбати дўстон шоир Атои Мирхоча ба ҳуҷра медарояд. Азбаски шиша холӣ буд, Муҳтарам пиёлаи назди Н. – ро гирифта, ба Ато медиҳад.
– Газак нест, Атоҷон. Лекин ту шоир ҳастӣ ва метавонӣ ягон газаки зўри хаёлӣ офарида, аз болои ин арақ хўрӣ.
– Албатта, – механдад Ато, – барои шоир аз офаридани чизҳои хаёлӣ дида коре осонтар нест.
Дили Н. ба арақ кашол будааст, ки ҳадаҳа пиёлаи арақро аз дасти вай мегирад.
– Ин тавр бошад, – мегўяд ў, – шумо барои худ арақи хаёлӣ ҳам офаред ва монед, ки арақи худамро худам хўрам…

САЛОМАТОНРО РАСОНДАМ

Сигаретҳои сабуку хуштамъи хориҷӣ он вақтҳо тухми анқо буданд. Н. тоби тамокуи баланду вазнини худамон надошт, бинобар ин нимрўз аз мағоза ба мағоза гаштаву дарду балои фурўшандаҳои шиносу ношиносашро гирифта, як қутти «Родопи» ёфта, ба нашриёт омад ва ҳадаҳа лифофаро кушод, ки котиба болои мизи кораш гузошта буд.
Мактуб аз як рафиқи ў буд. Вай дар фуроварди мактуб хоҳиш менамуд, ки ба ҳамкорамон шоир Муҳтарам ҳотам салом гўяд.

пешина
аз 231
навбатӣ