Зинда будан кам аст

Инсони дарёдил, адиби хушқалам Аҳмадшоҳ Маҳмадшоҳро ҳаводорони каломи бадеъ хуб мешиносанду нек дар ёд доранд. Ў бо навиштаҳои ҳаҷвии худ миёни хонандагон шуҳратёр гардида буд.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 231 саҳифа
Н. зуд Муҳтарамро даъват карда, хоҳиши рафиқашро ба ҷо овард.
– Дар ҳақиқат, бисёр қарин будем, – аз сигаретҳои камёби Н. якта даргиронд Муҳтарам. – Он кас декани факулта бошанд ҳам, ҳаргиз нописандӣ намекарданд.
Мудом эҳтироми шогирдонро ба ҷо меоварданд…
Баъди соате Муҳтарам ба ҳуҷраи кораш рафт. Вақти рафтан ў боз аз сигаретаҳои болои миз якта гирифта, чашми соҳиби онро чорта намуд.
Дере нагузашта, Н. ҷавоби мактубро навишт. Он ба чунин чумлаҳои аламангез ба охир мерасид: «Саломатонро ба Муҳтарам расондам. Аз хурсандӣ сари вай ба осмон рафту дастҳои дар замин мондааш сигаретаҳои маро ғорат карданд…»
ДУВОЗДАҲ СОАТ?
Боре муҳаррири саҳифабанди нашриёт духтари соҳибчамол Меҳрӣ изҳор дошт, ки шаби гузашта, соати шаши бегоҳ хобида, соати шаши рўзи дигар бедор шуд.
– Дувоздаҳ соат– а?– бо қаҳр абрў ба ҳам кашид Н., ки ба марази бехобӣ гирифтор буд. – О мурдаҳо ин қадар хоб мераванд!. .
ЗАҲРРО ҲАМ МЕХЎРАД
Шоир Алӣ Бобоҷон соате инҷониб раҳи Н. – ро мепоид. Кадоме аз дар даромада, гуфт, ки вай дар ҳуҷраи Раис қаҳва нўшида шиштааст.
– Бо Раис қаҳва менўшад?– аз чӣ бошад, оҳанги тааҷҷуб кард Алӣ Бобоҷон. – Н. – а?!.
Юсуфҷон Аҳмадзода, ки умуман аз зоти хушомадгўёну лаганбардорон қимоб аст, бо нафрати ошкоро гуфт:
– Н. – и шумо, ако, бо Раис заҳрро ҳам мехўрад…

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё