Зеҳн
Забони адабии ҳозираи тоҷик. Синтаксис

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши синтаксиси забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 312 саҳифа

МаорифАдабиётТаҳсилот
Аз аввал хондан

онҳо олу ҳаст, себ ҳаст, анор ҳаст («Машъал»). Соли 1919 дар Фронти Шарқӣ Фрунзе буд, Куйбышев буд, дигар ҳамсафони Ленин бо супориши ӯ омада рафтанд (Ф. Муҳаммадиев, Асарҳои мунтахаб).

Интонация дар ташкили ҷумлаҳои мураккаби бепайвандак мавқеи бузург дорад. Роли интонация дар ташаккули ҷумлаи мураккаби бепайвандак ба таркиби синтаксисии ҳиссаҳои он ва муносибати маъноии онҳо низ вобаста аст. Дар ҷумлаҳои мураккабе, ки дар алоқаи ҳиссаҳои онҳо шаклҳои феълӣ ҳам иштирок менамоянд, интонация дар охири ҳиссаи якум баланд шуда, тадриҷан паст мегардад: Наравем, намешавад. Гуфта бошад, ихтиёр дорад. Омада бошад, қабул мекунем («Садои Шарқ»).

ИБОРА

ХУСУСИЯТҲОИ АСОСИИ ИБОРА

Ибора яке аз воҳидҳои синтаксисӣ буда, дорои хусусиятҳои махсусест, ки барои фарқ кардани вай аз воҳидҳои дигари забон имконият медиҳанд. Ин хусусиятҳоро ба тарзи зерин нишон додан мумкин аст.

  1. Ибора асосан аз ду калимаи мустақил, ки ҳар кадом дорои маънои алоҳидаи лексикӣ буда, яке ба дигаре тобеъ аст, ташкил меёбад.

  2. Калимаҳо дар ибора, пеш аз ҳама, аз ҷиҳати маънӣ ва хосияти грамматикӣ алоқаманд мегарданд. Ин нуқта чунин маънӣ дорад, ки паҳлу ба паҳлу истодани калимаҳо ҳанӯз ибораро ба вуҷуд намеорад. Чунончи, аз паи ҳам истодани калимаҳои об, ҷӯй, офтоб, баҳор, бача, ин, мо танҳо мафҳумҳои алоҳидаро мефаҳмем. Гӯянда вобаста ба баёни мақсад аз байни ин калимаҳо он калимаҳоеро, ки барои бо ҳам муносибати маъной кардан мувофиқанд, интихоб намуда, бо ёрии яке аз воситаҳои синтаксисии алоқаи калима, дар айни замон ба воситаи бандаки изофии «и» ва алоқаи ҳамроҳӣ, онҳоро бо ҳам пайванд менамояд, ки дар натиҷа калимаҳо аз ҷиҳати маънои грамматикӣ бо ҳам вобаста шуда, мафҳуми мураккабро ифода менамоянд: оби ҷӯй, офтоби баҳор, ин бача. Пас, танҳо аз ҷиҳати маънӣ ва бо ёрии воситаҳои грамматикӣ ба ҳам алоқаманд шудани калимаҳои мазкур барои ташаккули онҳо чун воҳиди махсуси синтаксисӣ имконият додааст. Маҳз барои ҳамин ҳам мо дар ин маврид бо исмҳои об, ҷӯй, офтоб, баҳор, бача ва ғайра калимаҳоеро, ки барои бо онҳо алоқа кардан имконият надоранд, оварда наметавонем. Масалан, оби офтоб, офтоби ях ва ғайра гуфтан ҳеҷ мумкин нест.

  3. Азбаски ибораҳо дар натиҷаи ба ҳам пайванд шудани ду ё зиёда калимаҳо ташкил меёбанд, баръакси калимаҳо, мафҳумҳои

пешина
аз 312
навбатӣ