Забони адабии ҳозираи тоҷик. Синтаксис

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши синтаксиси забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 312 саҳифа
камбағалонро ёрӣ мерасонад (С. Айнӣ, Ятим)... яке аз онҳо пурсиши қозиро ҷавоб дод (С. Айнӣ, Ғуломон).
б) Бо пасоянди барин, ки асосан муносибати қиёсиро ифода мекунад: жандарм, полиция ва казакҳо... гургони гурусна барин ба ҳар тараф нигоҳ мекарданд (Р. Ҷалил, Одамони ҷовид). Аз болои кӯҳ босмачиён мӯру малах барин... фуромада неомаданд (Р. Ҷалил, Одамони ҷовид). ...душманро алаф барин медаравид (Р. Ҷалил, Одамони ҷовид).
в) Бо пасояндҳои боз, интараф, инҷониб, баъд, пас, ки муносибати замониро ифода менамоянд. Таркиби ин ибораҳо бештар мураккаб буда, ҷузъи тобеъ дар шакли ибораи исмӣ, ки дар он исм шумора ё зарфро ба худ тобеъ кардааст, воқеъ мегардад: се рӯз боз надидан, чанд сол инҷониб бехабар будан, як моҳ пас хабар гирифтан.
ИБОРАҲОИ ФЕЪЛИИ БО ЗАРФ
Зарф ба феъл ба воситаи алоқаи ҳамроҳӣ тобеъ шуда, якҷоя бо он муносибатҳои замонӣ, масоҳа, тарз, миқдор, сабаб ва мақсадро ифода менамояд, яъне ибораҳои феълӣ бо зарф амал ва шарҳи ҳолин онро дар бар мегиранд:
а) Муносибатҳои замониро мефаҳмонанд: доимо мутолиа кардан, барвақт омадан, зуд хоб кардан, дарраз рафтан, базудӣ баргаштан, минбаъд омӯхтан, дер омадан, бегоҳӣ сар шудан ва ғайра.
б) Муносибати масоҳагиро ифода менамоянд: инсӯтар истодан, онсӯтар рафтан, ҷо-ҷо намоён шудан ва монандӣ инҳо.
в) Муносибати муайянкунандагӣ-ҳолиро мефаҳмонанд. Зарф дар ин гуна ибораҳо бештар бо суффикси -она сохта мешавад: ошуфтаҳолона нолиш кардан, мутеона рафтан, балоангезона нигоҳ кардан, намоишкорона вохӯрдӣ кардан, хавотиркашона нигаристан, калонворона рафтор намудан ва амсоли инҳо.
г) Муносибати ташбеҳӣ-қиёсиро ифода менамоянд: лашкарвор саф кашидан, солдатвор пой кӯфтан, магасвор тӯб шудан, зогвор ҷамъ омадан, тирвор паридан, барқ-осо ҷастан ва ғайра.
д) Муносибати миқдорӣ. Ин гуна ибораҳои феълӣ амал ва характеристикаи миқдории онро номбар мекунанд: хеле сӯҳбат кардан, бағоят хушнуд шудан, бисёр овора гаштан, кам-кам омӯхтан, як каф-як каф андохтан, тӯрба-тӯрба бурдан, як банд-як банд ҳаво додан.
е) Муносибати сабабу мақсад. Ин гуна ибораҳо аз ҷиҳати камии зарфҳои сабабу мақсад каммаҳсуланд: ночор сабр кардан, ноилоҷ омадан, қасдан ҳаво додан ва монандӣ инҳо.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё