Зеҳн
Забони адабии ҳозираи тоҷик. Синтаксис

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши синтаксиси забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 312 саҳифа

МаорифАдабиётТаҳсилот
Аз аввал хондан

ИБОРАҲОИ ФЕЪЛИИ БО СИФАТ

Як гурӯҳ сифатҳои аслӣ дар таркиби ибора вазифаи зарфро адо намуда, якҷоя бо феъл муносибатҳои муайянкунандагию ҳолиро ифода менамоянд. Миқдори чунин сифатҳо зиёд нест: баланд, паст, нағз, хуб, тез, рост, маҳин ва монанд ба инҳо: баланд хондан, паст гап задан, хуб тохтан, тез омадан, маҳин ҷорӣ шудан, нағз пӯшидан ва амсоли инҳо.

Ба тарзи такрор омадани калимаҳои мазкур низ мушоҳида мешавад. Дар ин ҳол ифодаи тарзи воқеъ шудани амал таъкид гардида, маънои равшантар ифода меёбад: баланд-баланд гап задан, маҳин-маҳин ҷорӣ шудан ва ғайра.

ИБОРАИ ФЕЪЛИИ БО ФЕЪЛИ ҲОЛ

Ибораҳои феълӣ бо феъли ҳол муносибати ҳолиро ифода менамоянд: феъл ифодаи амал, калимаи тобеъ шарҳи тариқи воқеъ шудани онро дар бар мегирад: тозон рафтан, ҳандон гап задан, нишаста хондан, табассумкунон кушодан, фарёдкунон даромадан, роҳ рафта истода нигаристан, вохӯрдӣ карда истода шиносондан.

Дар бисёр мавридҳо феъли ҳол бо калимаи зада дар шакли таркибӣ меояд, ки дар ин ҳол ин калима — зада аз маънои мустақили лексикӣ фориғ буда, танҳо ҳамчун шакли грамматикӣ ба ҳисоб гирифта мешавад: шилдиррос зада ҷорӣ шудан, чуррос зада давидан, хез зада савор шудан.

Дар ибораҳои феълии бо феъли ҳол ҳам ҳиссаи тобеъ гоҳо ба тарзи такрор воқеъ мегардад, ки дар ин маврид такрори тарзи воқеъ шудани амал ифода мегардад: зада-зада пеш кардан, дармонда-дармонда гап задан, ҷудо карда-ҷудо карда бофтан, тоб хӯрда-тоб хӯрда пинҳон шудан, дашном дода-дашном дода рафтан.

Феълҳои ҳол, ки хусусияти феълӣ доранд, дар дохили ибораҳои феълӣ тобеияти худро ба феъл тарк накарда, калимаҳои дигарро ба худ тобеъ мекунанд. Ин ҳол боиси ба вуҷуд омадани шаклҳои мураккаби ибораҳои феълӣ мегардад: такякунон сухан гуфтан — ба девор такякунон сухан гуфтан; ишоракунон гап задан — ба сӯи ҳамён ишоракунон гап задан; Қозикалон баъд аз он ки лабонашро лесида-лесида қадре ба ман нигоҳ карда истод, гуфт (С. Айнӣ, Марги судхӯр). Онҳо дандонҳояшонро кофта-кофта бо камоли виқор ва тамкин қадам мепартофтанд (С. Айнӣ, Марги судхӯр). Аз хона зани қоқинаи гандумгуне дасташро ба пешдоманаш поккунон баромад (С. Улуғзода, Субҳи ҷавонии мо).

Хусусияти тобеъкунии феъли ҳол танҳо дар ҷумла ба вуҷуд меояд, бинобар ин берун аз ҷумла ибораҳои феълиҳолӣ ҳамчун воҳиди номинативии нутқ вуҷуд дошта наметавонанд.

пешина
аз 312
навбатӣ