Зеҳн
Забони адабии ҳозираи тоҷик. Синтаксис

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши синтаксиси забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 312 саҳифа

МаорифАдабиётТаҳсилот
Аз аввал хондан

ИБОРАҲОИ ФЕЪЛИИ БО МАСДАР

На ҳамаи феълҳо, балки гурӯҳи муайяни онҳо масдарро ба худ тобеъ менамоянд. Ба ин гурӯҳ феълҳои ифодакунандаи мафҳумҳои имконпазирӣ, зарурӣ, орзуву омол, саъю кӯшиш, инчунин феълҳое, ки ибтидо, интиҳо ва идомаи амалро мефаҳмонанд, дохил мешаванд.

Масдар берун аз ибора амалеро мефаҳмонад, ки шахс ва замони он муайян нест. Аммо вақте ки вай ба феъл тобеъ шуд, маънои шахс ва замоне, ки дар феъл мавҷуд аст, ба он низ мегузарад: ба рафтан тайёр шудан, ба хондан омадан, барои дидан кӯшиш намудан, аз мурдан натарсидан, барои мондан ҳаракат кардан.

Ибораҳои феълии бо масдаре, ки муносибати замонӣ ва мақсадро ифода менамоянд, аксаран дар шакли мураккаб воқеъ мешаванд: ҷузъи тобеъ — масдар ба худ калимаҳои дигарро тобеъ менамояд: аз омадани падар хурсанд будан, аз фурӯ рафтани офтоб бехабар мондан, бо баромадани офтоб ба роҳ даромадан.

Дар ҳамаи мисолҳои мазкур масдар ба воситаи пешояндҳо ба феъл пайванд шудааст. Дар баробари ин бо пасоянд низ пайванд гардидани масдар дида мешавад. Дар ин вазифа асосан пасояндҳои замоно (замон), ҳамоно (ҳамон), боз, инҷониб, баробар ва ғайра ба кор бурда мешаванд: дидан замоно гурехтан, омадан замон шурӯъ кардан, рӯз сафед шудан боз истодан, шунидан инҷониб интизор будан ва амсоли инҳо.

Дар ибораҳои феълии бо масдар ҷузъи тобеъ — масдар хусусияти тобеъкунӣ зоҳир намуда, калимаҳои дигарро тобеъ менамояд, ки дар натиҷа шакли мураккаби ибораҳои феълӣ ба вуҷуд меояд. ...Пешрафти таҷрибаи эҷодии ман ба омӯхтанам Максим Горькийро вобастагӣ дорад (С. Айнӣ, Куллиёт). Абӯалӣ ва Абӯсаҳл пеш аз расидани қосиди султон аз Хоразм баромада гурехтанд (С. Айнӣ, Куллиёт). Султон ӯро бо андохтан дар таги пои фил таҳдид менамояд (С. Айнӣ, Куллиёт). Аз ҳамроҳонам ман ба ҷӯрагӣ кардан бо Одил моил будам (С. Улуғзода, Субҳи ҷавонии мо). Инро вай аз мондан дар деҳаи гурусна беҳтар медонист (С. Улуғзода, Субҳи ҷавонии мо). Ман аз нишастан дар синф дилгир мешудам (С. Улуғзода, Субҳи ҷавонии мо).

Ҳиссаҳои дигарро тобеъ намуда, шакли тафсилӣ гирифтани масдар, монанди сифати феълӣ ва феъли ҳол, аз табиати феълии он ба миён меояд. Ин аст, ки тарзи пайвандшавии калимаҳои дигар ба масдар мисли он аст, ки дар феъл ё исмҳои амал мебинем.

СОХТИ ИБОРА

Ибора аз ҷиҳати сохт ду хел мешавад: содда ва мураккаб. Ибораҳое, ки бо ёрии яке аз воситаҳои грамматикӣ аз калимаи мустақилмаъно ташкил ёфтаанд, ибораҳои содда номида

пешина
аз 312
навбатӣ